Иштирокчиён, масъулони баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҳайати ҳакамони он дар ҳар номинатсияи озмун «Шоҳҷоиза» муқаррар шуданро аз беҳтарин навгонии имсола дар озмуни мазкур донистанд. Ҳамин тавр, аввалин бор дар таърихи баргузории озмун ҳайати ҳакамон имсол 4 нафар — хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Кӯлоб Малика Ҳасанова, хонандаи синфи 9-и мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ Шаина Мабатқадамова, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69-и ноҳияи Восеъ Сабрина Шарифзода ва хонандаи синфи 3-и гимназияи №4-и шаҳри Душанбе Асилабону Алимоваро сазовори «Шоҳҷоиза» донистанд.
Озмуни мазкур, ки аз бузургтарин падидаҳои фарҳангӣ маҳсуб ёфта, ҳар сол ҳаводорони зиёди китобро ҳатто аз дурдасттарин рустои кишвар дар қалби Тоҷикистон — Душанбе ба ҳам меорад, ботантана ҷамъбаст гардид. Маросими ҷамъбасти озмун ва ҷоизасупорӣ шоми 23-юми ноябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ҳузури устодони сухан, маъруфтарин чеҳраҳои назму насри муосир ва намояндагони мақомоти гуногун доир шуд.
Қабл аз ин, ҳайати ҳакамони озмун дониш, маҳорати азхудкунӣ ва суханпардозии иштирокчиёни даври ниҳоии озмунро, ки 547 нафар аз ҳисоби муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аспирантону докторантон, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун буданд, озмуданду хулоса карданд.
Рӯзи ҷамъбасти озмун ҳама ба истиқбол ва шодбошии ғолибон, ки умеди фардои ободу зебои кишвар мебошанд, шитофтанд. Толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ зуд аз ҳаводорони олами китоб ва мухлисони озмуни созанда пур шуд. Бори дигар собит гашт, ки иқдоми илмпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» саривақтӣ ва барои ҷомеа муфид мебошад.
Зикр гардид, ки озмун аз рӯйи шаш номинатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср дар чор давр доир гашт.
Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, зимни ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ табрикоти Ҳукумати кишварро ба ғолибони озмун, волидону омӯзгорон ва кулли ширкаткунандагони он расонд.
- Соли шашум аст Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, тарғиби китобу китобхонӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар доир мегардад, — афзуд Дилрабо Мансурӣ.
Бояд зикр кард, ки дар даври якуми озмун 251 ҳазору 266 нафар, дар даври дуюми он 49 ҳазору 267 нафар ва дар даври сеюм 3742 нафар иштирок намуданд.
Дар маҷмӯъ, 130 нафар ғолиби озмун гардиданд. Натиҷаи озмун нишон дод, ки шаҳри Душанбе бо гирифтани 43 ҷой (1 Шоҳҷоиза, 10 ҷойи якум, 15 ҷойи дуюм, 17 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи якум, вилояти Хатлон соҳиби 35 ҷой (1 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм, 19 ҷойи сеюм), вилояти Суғд соҳиби 29 ҷой (5 ҷойи якум, 10 ҷойи дуюм, 14 ҷойи сеюм), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби 13 ҷой (1 Шоҳҷоиза, 4 ҷойи дуюм, 8 ҷойи сеюм) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соҳиби 10 ҷой (3 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм) гардиданд.
Ба ғолибон 35 000 сомонӣ ва ба соҳибони мақомҳои дуюму сеюм мутаносибан 25 000 ва 20 000 сомонӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд, ҳар кадом бо 10 000 сомонӣ қадр гаштанд. Ба ҳар кадом барандаи «Шоҳҷоиза» бошад, 70 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.
Ҳамин тавр, озмуни навбатии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имсол низ чеҳраҳои навро кашф намуд. Чеҳраҳоеро, ки фардо чароғи маънавиро фурӯзон нигоҳ хоҳанд дошт ва муҷиби тараққии кишвар хоҳанд шуд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»