Нависандагон чанд тоифа мешаванд: як қисм ҳар чизи дидаву шунида ва аз таҷриба ҳосилкардаашонро менависанд, гурӯҳи дигар оламу одамро сайр карда, хулосаҳои илмиву бадеӣ рӯйи коғаз меоранд. Илова бар ин, боз навъи дигаре ҳам ҳастанд, ки ба олами руҳиву ботинии инсон дақиқ назар андохта, феълу аъмолашонро дар такопӯ, ҷунбуҷул, дар суръату ҳаракат нишон медиҳанд. Ин гуна адибонро дар адабиётшиносӣ нависандагони фантаст ё адибони моҷаронавис меноманд Зариф Ғулом аз ҳамин гурӯҳи адибоне мебошад, ки дар баробари маънавияти инсон феълу аъмоли образҳоро жарф ба мушоҳида мегирад.
Бо қалами Зариф Ғулом насри моҷаро аз нав ҷон гирифта, ба ҳаракат даромад, дар ин роҳ ӯ бо асарҳои тоза ба муваффақият расида истодааст. Ин нависанда дар айёми кӯдакию наврасӣ душвориҳои зиёде аз сар гузарондааст. Аз падар ятим монда, душвориҳои зиёдро паси сар кард. Пас аз хатми мактаб, дар ҷойҳое, ки муаллим намерасид, қариб 10 сол омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва болоӣ шуда фаъолият кард. Шояд ҳамин оворагӣ, нодорӣ, душвориҳои зиндагӣ водор намуданд, ки дар насри моҷаро қувва озмояд. Чунонки худи ӯ қайд кардааст, дар ҷавонӣ дидани филмҳои моҷароӣ дар бораи муфаттишон ва ходимони раёсати фаврии ҷустуҷӯӣ низ вайро ба ин роҳ андохтаанд.
Ба мулоҳизаи худи ӯ, роҳеро интихоб кардааст, ки воқеан, «раъди ғуррон»-ро мемонад.
Зариф Ғулом нависандаи сермаҳсул ва рангинхаёли рус Шейнинро «устоди бемисоли худ» ҳисобида, дар асарҳояш ба дунёи ботинии образҳо зиёд диққат додаю асарҳояшро дар насри моҷаро гаштаву баргашта таҳлил намудааст. Аз рӯйи мулоҳизаи Темур Зулфиқоров, «дидори ғоибонаи ин нависандаи рус барояш мактаби бузурги эҷодӣ шуда монд». Адиб дар ҳикояҳои «Шоҳиди асосӣ», «Хатои судӣ», «Судяи ҷавон» ба навиштаҳои устодаш пайравӣ карда, ҳамеша ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя карда, адолати судиро барқарор намуд. Шаст сол мешавад, ки дар мавзуъҳои гуногуни таърихӣ ва ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик асар эҷод менамояд.
Зариф Ғулом ҳам ба мисли дигар адибони тоҷик, фаъолияти эҷодиашро аз жанрҳои хурди очерку мақола, ҳикояҳои «Пора», «Оқшуда», «Чалаи гадо», «Капитани зебо», «Як ҷуфт шипак», «Бедаракшуда», «Ҳунарманди қаллоб», «Задухӯрд»… оғоз кардааст.
Адибон аслан фаъолияти эҷодии худро аз жанри ҳикоя оғоз менамоянд. Нависандаи хушбаёни мо Зариф Ғулом дар ин ҷода истисно нест. Аввалин ҳикояашро бо номи «Валадуззино» ба ҳаёти омӯзгори поксиришт бахшидааст, ки он соли 1992 дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба табъ расид. Муаллиф то ин замон бештар аз 200 номгӯй ҳикоя ба ҳаводорони каломи бадеъ пешкаш намудааст. Мавсуф, аз рӯйи андешаи академик Муҳаммадюсуф Имомзода, дақиқназар буда, танҳо дар соли 2000-ум дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ беш аз 200 ҳикоя манзури хонандагон гардонидааст. Латифа, ҳаҷвияю гуфторҳои хурди ҷаззобаш ҳисоб надоранд, шояд беш аз ҳазор бошанд.
Муаллиф ҳангоми таълифи ҳикояҳо мушоҳидакор, таҳлилгар ва дақиқназар буда, тасвирҳояш гуворо мебошанд ва лаҳзаҳои зиндагию ҳаёти қаҳрамонҳояшро сода, ҷаззоб, равон, хотирмон ба қалам медиҳад. Хонандагон ҳангоми мутолиаи осори ӯ хастагиро эҳсос намекунанд.
Адиб дар таълифи ҳикоя ва дигар жанрҳои хурду бузург тарзе мазмунсозию сужаронӣ мекунад, ки ҳар хонанда ҳадафашро ба хубӣ ва бидуни мушкилот мефаҳмад ва пай мебарад. Ҷузъиёти бадеиро дар мавриду мақоми худ ҳунармандона ба кор мебарад. Образҳои бадеиву воқеиро хотирмон муаррифӣ менамояд. Хусусияти асосии ҳикояву дигар жанрҳои адиб таваҷҷуҳи хонандаро зуд ба худ мекашанд. Забони асарҳояш равон, сабки ширини нақлнависӣ дорад. Мавзуи чунин асарҳо замонавӣ буда, омӯзиш ва таҳлилашон имкон медиҳанд, ки онҳоро ба се қисмат ҷудо намоем:
Якум, бештари ҳикояҳо ба жанри публисистӣ мутааллиқ буда, муаллиф дар онҳо кӯшиш менамояд, ки офаридаҳояш самимӣ, пандомӯз бошанд, хонандагонро ба вафодорию некназарӣ, одамигарӣ, сидқу сафо ва садоқат ҳидоят менамояд.
Дувум, ҳикояву дигар асарҳояш ба масъалаҳои ҳуқуқ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, фаъолияти кормандони мақомоти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, заҳматҳои судяҳо равона шудаанд. Ҷиҳати фарқкунандаи эҷодиёти адиб боз ҳам аз он иборат аст, ки ӯ нахустин маротиба дар адабиёти муосири тоҷик ба фаъолияти судяҳо, махсусан ҳангоми қабули ҳукмҳои тақдирсоз ба ҳолати руҳӣ-равонии судяҳо, бештар диққат дода, бо сабки оммафаҳм ҳолати ҳодисаҳои ҷолибро ба тасвир мегирад.
Бо масъулият метавон қайд кард, ки Зариф Ғулом ҳамчун нависандаи пуркору сермаҳсул дар адабиёти тоҷик ғолибан бо ҳикояҳои моҷароӣ (детективӣ) таълифнамудааш ба ин жанри адабӣ дохил гардидааст. Ӯ бо асарҳои хурду бузург дар жанри мазкур шуҳрат дошта, ин самти адабиётро хеле пеш мебарад. Барои тасдиқи фикр ҳикояи «Боварӣ»-ро мисол меорем, ки дар бораи гум шудани нимтанаи чармини котиби аввали ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ — шахси «Калон» сухан меравад. Ҷавҳари ғоявии ҳикоя он аст, ки ба ҷинояткор (албатта на ҳамаи онҳо) ҳангоми тафтиши парвандаи судӣ ҳамчун инсон муносибат менамояд. Ин андеша аз забони додраси куҳансол Маъруф Рауфов баён шуда, сипас тамоми тору пуди ҳикоя ба саргузашти ӯ алоқамандӣ пайдо менамояд. Гиреҳи муаммои гум шудани нимтанаи чармини котиби аввали ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ маҳз бо истифода аз таҷрибаи деринаи ҷинояткор Ситамбек Кабудов оғоз мешавад. Ба адиб Зариф Ғулом муяссар шудааст, ки тамоми паҳлуҳои амалиётро дақиқ санҷидаву мушоҳида намуда, ба таври муъҷаз ва мушаххас обуранги бадеӣ бидиҳад. Ҳикоя воқеӣ буда, дар он бо нақли шавқовар сирри дуздон кушода мешавад, ки дар ин кор Ситамбеку ёронаш хидмати арзандае анҷом медиҳанд.
Қисми севуми ҳикояҳои адиб ба хурдсолону наврасон бахшида шудааст. Нависандае нест, ки ба хурдсолону наврасон асаре нанавишта бошад. Хусусияти фарқкунандаи адиб Зариф Ғулом дар ин масъала аз он ҷиҳат аст, ки ӯ дар адабиёти мо бозиҳои шавқовари бачагонаро пурра ба тасвир мегирад. Адиб дар ҳикояҳои ба наврасон навиштааш ҳамеша кӯшиш менамояд, ки дар симои қаҳрамонони хурдсол бозиҳои мароқангези бачагона, ҷаҳони ботинии наврасонро тасвир намояд.
Муаллиф азобу машаққат, ранҷу душвориҳои зиндагӣ, часпу талош ва ҳаяҷони руҳии образҳоро бо забони сода, фасеҳ ва сабки равон ба риштаи тасвир мекашад. Ҳар ҳикоя аз дигараш самимитару хонданбоб буда, муаллиф дар роҳи эҷодӣ собитқадам аст.
Шоҳзамон РАҲМОН,
профессор