Маҳфили гиромидошти Соҳиб Табаров

№146 (4886) 02.12.2024

20241130_102558 (2)30-юми ноябри соли равон бахшида ба 100 — солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (дар соҳаи адабиёт), профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устоди забардаст Соҳиб Шуҳратиевич Табаров дар ноҳияи Муъминобод конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гашт.

Дар он мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, раиси Комиссияи олии аттес­татсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикис­тон Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҷӯразода, ректори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Дилшод Раҳмон, профессор Абдураҳмон Маҳмад, шоирон Ҳақназар Ғоиб, Алимуҳаммад Муродӣ, Салими Хатлонӣ, Озар Салим, Беҳрӯзи Забеҳулло ва чеҳраҳои дигари намоёни илму адаби кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қабл аз оғози ҳамоиш дар саҳни оромгоҳ ва Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров маросими пардабардорӣ аз рӯйи нимпайкараи адабиётшиноси шинохта сурат гирифт. Сипас, иштирокчиёни ҳамоиш аз ганҷинаи адабии мунаққид боздид ва оромгоҳи ӯро зиёрат намуданд.

Конференсияро шоир ва нависандаи тоҷик Салими Хатлонӣ оғоз бахшида, нақши Соҳиб Табаровро дар рушди адабиёти тоҷик муниру мондагор арзёбӣ кард.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода зимни суханронӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил гардидани солгарди С. Табаровро нишони арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги илму адаб арзёбӣ намуд.

Зикр шуд, ки Соҳиб Табаров умри бобаракати хешро сарфи пажӯҳиш ва таълиму тадриси адабиёти муосири тоҷик намудааст. Ба ӯ муяссар гардид, ки мактаби илмию омӯзгории худро тавассути заҳмати содиқона ба халқу Ватани азизаш ба вуҷуд орад. Ин мактаб имрӯз бо номи пурифтихори «Мактаби илмии мунаққидии Соҳиб Табаров» на танҳо дар кишвар, балки бурун аз он машҳур аст.

Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иброз дошт, ки Соҳиб Табаров аз зумраи олимони пурмаҳсули тоҷик буда, дар соҳаҳои гуногуни илми адабиётшиносӣ, аз қабили нақди адабӣ, адабиётшиносии муқоисавӣ, таърихи адабиёт, матншиносӣ ва назарияи адабиёт, корҳои назаррас анҷом додааст.

Анзурат Абдусаломзода, ҳамчунин, изҳор намуд, ки бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Ҷоизаи ба номи Соҳиб Шуҳратиевич Табаров дар вилояти Хатлон таъсис ёфтааст, ки мақсад аз он, пеш аз ҳама, ҳавасмандсозии адибон ва муҳаққиқони соҳаи адабиёт мебошад.

Дар конференсия таъкид шуд, ки Соҳиб Табаров масъалаҳои мураккабу мубрами таърихи адабиёти тоҷикро дар асри ХХ таҳлилу тадқиқ карда, дар ин замина корҳои мондагори илмӣ анҷом додааст. Рисолаҳои ӯ «Садриддин Айнӣ — асосгузори адабиёти советии тоҷик», «Пайрав Сулаймонӣ», «Адиби сухандон ва марди майдон» (дар бораи Лоҳутӣ), «Мунзим», «Мунозира»-и Абдурауфи Фитрат», «Тақдири фоҷиавии як шоири тоҷик» ва даҳҳои дигар на танҳо дар шинохти бузургони адабиёт, балки раванди бедории миллӣ мусоидат кардаанд.

Зимнан, дар доираи таҷлили 100-солагии Соҳиб Табаров соли равон дар донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва муассисаҳои дигари ҷумҳурӣ конференсияву нишастҳои илмӣ доир шуд.

Ин муддат, ҳамчунин, намунаҳое аз осори олим ва рисолаҳое дар бораи ӯ ба табъ расиданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»