Ҷустуҷӯи сулҳ, мусолиҳа ва таҳаммулпазирӣ

№146 (4886) 02.12.2024

image-28-11-24-10-12Чунин ном дошт конфронси байналмилалии байнипарлумонӣ, ки рӯзҳои 23-27 ноябри соли 2024 дар Шоҳигарии Камбоҷа баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ибтикори Маҷлиси ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ (АМА) дар ҳамкорӣ бо ҳукумат, сенат ва Маҷлиси миллии Шоҳигарии Камбоҷа танзим ва роҳандозӣ карда шуд. Дар кори ин чорабинӣ раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода иштирок намуда, дар мавзуи «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва нақши он дар таъмини ҳамзистии сиёсӣ-иҷтимоӣ» суханронӣ кард.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон падидаи нодири даврони муосир аст. «Амалисозии вазифаи душвору мураккаби сулҳофаринӣ танҳо баъди баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ оғоз гардид. Роҳбари давлати Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози давраи нав ва ташаккули модели сулҳи тоҷикон гардид. Бозёфти бузурги сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли муаммои ду масъалаи печида – қабули Конститутсияи даврони истиқлолият ва ташкили ҳизби нави мардумӣ зоҳир гардид. Ҳар дуи ин масъала ҳалли дурусти худро дар соли 1994 пайдо кард. Тоҷикистон бо роҳбарии меъмори сулҳи тоҷикон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои душвори сиёсӣ-иҷтимоиро тай намуд ва дар натиҷаи татбиқи самараноки меъёрҳои конститутсионӣ аз соли 2000 ба марҳилаи рушди устувор ворид гардид, — иброз намуд вакили Маҷлиси намояндагон.

Мавсуф, ҳамчунин, таъкид намуд, ки имрӯз таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ба мактаби ибрат­омӯзи ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ мубаддал гардидааст. Тоҷикис­тон аз баракати ҳамин таҷрибаи нодири сулҳи ҷаҳонӣ 33 сол аст, ки дар шароити сулҳу субот ва истиқрори комили миллӣ рушд мекунад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ