«Алмос – неру» дар Хатлон корхона бунёд мекунад

№ 25.11.2024

467510339_2144938079241994_6525382464986661348_nШиркати холдингии «Алмос – неру»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмим гирифтааст дар вилояти Хатлон як корхонаи коркарди меваю афшура бунёд намояд, ки дар натиҷа беш аз 500 нафар сокини вилоят бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зикр кард, ки Эрон яке аз нахустин шарикони Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб рафта, ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои муҳими Тоҷикистон ва минтақа саҳми арзанда гузоштаанд.

Намояндаи холдинги «Алмос – Неру» Маҳдӣ Асадуллоҳпур зимни мулоқот гуфт, ки баъди бунёди корхона дар марҳилаи аввал ҳафт навъи маҳсулот истеҳсол мешавад. «Мо ба коркарди меваи хушсифат, аз ҷумла себ, манфиатдорем ва иқлими Тоҷикистон баҳри зиёд намудани истеҳсоли ин навъи маҳсулот заминаҳои бунёди корхонаҳои азими истеҳсолиро ба миён мегузорад», — илова намуд М. Асадуллоҳпур.

Давлаталӣ Саид иқдоми меҳмононро дастгирӣ намуда, иброз дошт, ки майдони боғот дар вилояти Хатлон зиёд мебошад ва ҳамасола ниёз ба истеҳсолу коркарди пурраи он пайдо мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Хатлон феълан 45 ҳазор гектар замини боғ мавҷуд буда, кишоварзон бо истифода аз таҷриба ва имконоти мавҷуда ҳамасола майдони онро бештар менамоянд.

Дар мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, бобати ҳамкориҳо дар соҳаи металургияи ранга ва дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ табодули назар намуданд.

С. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»