Боз як деҳаи дурдаст шодоб гардид

№ 04.12.2024

ОБ САИДДар маркази деҳаи дурдасти Сангчашмаи шаҳри Ҳисор хати нави оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд.

Хати оби нӯшокии мазкур дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани таъминоти об, беҳдошт ва тарғиби гигиенӣ дар Тоҷикистон” кашида шуда, сокинони Сангчашмаро бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин менамояд.

Дар маросими ифтитоҳ муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин  Каримзода аз номи роҳбарияти шаҳр барои дастгирии молиявӣ ба сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

- Мардуми кишвари Ҷопон бисёр ғамхору меҳрубон буда, кӯмак намудан ба маъюбону нафарони имконияташон маҳдудро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор додаанд ва ҳамасола дар ин самт ба маъюбони сайёра кӯмакҳои зиёди хайриявӣ мерасонанд. Имрӯз мо шоҳиди он гаштем, ки онҳо дар деҳаи Сангчашма ба ҳавлии ҷавоне, ки маъюбии модарзодӣ дошт, хати оби нӯшокӣ гузаронида, дастҷамъона рафта аз рӯзгораш хабар гирифтанд,- афзуд ӯ.

Сайидо Назаров,

 «Садои мардум»