10-уми декабри соли 2024 бо роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии КМИР баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо мақсади татбиқи якхелаи меъёри қонунҳо дар бораи интихобот ва мусоидат ба фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот дастурҳои «Роҳнамо барои комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили ташвиқоти пешазинтихоботӣ» ва «Роҳнамо оид ба ташкили овоздиҳӣ дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.
Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тартиби намунавии овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муҳокима ва қабул карда шуд.
Корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.
КМИР