Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо», «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Бо забони соддаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон