ҲАДЯ БА БЕМОРХОНАИ ИШКОШИМ

№ 12.12.2024

Хадя МашхурБа беморхонаи ноҳияи Ишкошим мошини нави ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим гардид.

Ҳангоми супоридани туҳфа ба масъулини беморхона раиси ноҳия Анвар Иматшозода иброз дошт, ки бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат инфрасохторҳои соҳа дар ноҳия сол ба сол таҳким ёфта, баҳри муолиҷаю табобати сокинон ва беҳбудии кори табибон шароиту имконитҳои нав фароҳам оварда мешаванд.

Табибон дар навбати худ  барои чунин ғамхориҳои рӯзафзун ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ баён намуда, қавл доданд, ки хизмати мардумро аз ҳарвақта дида хубтару беҳтар хоҳанд кард.

Ин дуюмин мошини ёрии таҷилӣ аст, ки ба ноҳия тақдим мегардад ва арзиши он зиёда аз 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

М. ИМОМНАЗАР,

 «Садои мардум»