Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз гардид.
Дар доираи ин тадбири созанда раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва кормандони касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуда, дар талу теппаҳои деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, шафати шоҳроҳи Душанбе — Бохтар беш аз 1000 дона дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинониданд.
Иқдоми мазкур дар доираи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он беҳтар кардани фазои экологӣ ва пешгирии таъсири манфии гармшавии глобалӣ мебошад.
Ин тадбири экологӣ дар вилояти Хатлон ҳар сол ба як маъракаи муҳими сарсабзу хуррамгардонӣ табдил ёфта, дар доираи он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят дарахтони зиёди сояафкану ороишӣ шинонида мешавад.
С. СУЛТОНОВ,
“Садои мардум”