10-уми декабри соли 2024 иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Вакилон масъалаҳои омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, таъсиси комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва теъдоди ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғдро баррасӣ карданд.
Тибқи қарори қабулшуда комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд иборат аз 13 нафар таъсис ёфта, барои гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавза ташкил хоҳад шуд.
М. МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»