13-уми декабри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 24-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби 30 федератсияи варзишии аъзои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбарӣ гардида, якдилона пазируфта шуд.
Таъкид гардид, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳаракати олимпӣ ва дастгирии варзишгарон беназир буда, маҳз бо дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ дар чаҳорчӯбаи сиёсати варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ 11 ҳазор иншооти варзиш, аз ҷумла 126 варзишгоҳ, 7601 майдончаи варзиш, 2251 толори варзиш, 97 ҳавзи шиноварӣ, 88 маҷмаа ва марказҳои солимгардонӣ, бошгоҳҳои варзиш ва 771 иншооти махсуси варзиш, бунёд ёфтааст.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, Зулфиқор Гулаҳмадзода (ноиби якуми раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон) ва Дилшод Назаров (раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон) ноибони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Муҳаммадшо Абдуллозода (котиби генералии Федератсияи шиноварии Тоҷикистон) котиби генералӣ, Исмоили Маҳмадзоир (раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон), Муҳаммад Мирзоалӣ (директори генералии Федератсияи лижаронии Тоҷикистон), Саодат Носирова (котиби генералии Федератсияи намудҳои варзиши гимнастикаи Тоҷикистон), Нурулло Лоиқов (мушовири раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон) ва Мунира Абдусаломова (намояндаи комиссияи варзишгарон) аъзои Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2025-2028 интихоб гардида, нақшаҳои стратегӣ, кор ва буҷети кумита барои соли 2025 тасдиқ шуданд.