Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва соҳибкорони маҳаллӣ муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо беҳтарин шароити муосири таълим бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон иттилоъ доданд, бинои нави иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 дар деҳаи Хироби деҳоти Балҷувон мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар деҳаҳои Солмолидашт ва Охбулоқи ноҳия низ биноҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№5 ва 4 бо тамоми шароити таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»