Чу ман дарёяму рӯзе бихушкам

№151-152 (4891-4892) 20.12.2024

Ё тараннуми об дар ашъори Фарзона

ФарзонаДар адабиёти тоҷику форс аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то ба шоирони муосир нафаре пайдо намешавад, ки дар бораи об нагуфта бошад. Фарзона низ аз ин миён истисно нест.

Розу ниёзи ӯ ба об чунон таъсирбахш аст, ки ба гумони хонанда шоир бо наздиктарин шахси худ дар гуфтугӯ ё муноҷот бошад.

Атсаи нилуфар аз гулӯи нилии об,

Ҳама инояти Парвардигор ҷоиза аст…

Кай хоки гардолударо оби таҳорат медиҳед,

Эй ташнаҷӯёни савоб, эй абрҳои оҳарӣ…

Тараннуми Ватан дар осори Фарзона мавқеи хоса дорад. Дар ин радиф шоир ибораҳое, ки дар таркибашон калимаи об истифода гардидааст, кам нестанд. Ӯ Тоҷикистонро пайванди «обу гилу ҷони дил» медонад:

Биёмад рӯзгори васли тоҷик,

Ки як маҷро бишуд дарёи ҷонам…

Ватанро додаам оби таҳорат,

Ки ман Сайҳуну Вахшу Зарфишонам…

Агар дар адабиёти муосири тоҷик шоироне чун Ҳабиб Юсуфӣ, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсори Сафӣ бо шеърҳои хитобиашон мавқеи хосеро касб намуда бошанд, шеърҳои хитобии Фарзона комилан фарқкунандаанд. Байтҳои зерин мисоли ин гуфтаҳо мебошанд:

… Ва ман дубора ба дунё салом мегӯям,

Ба офтобу ба дарё салом мегӯям…

Мурдаоберо тапиш ангехтан бояд маро,

Субҳгуна бо шафақ омехтан бояд маро.

Ман омадам, ки рӯдҳои хушкро

Дубора ба хурӯҷи мавҷ ошно кунам…

Шоир обро муқаддастарин офаридаи олам шуморида, рози ошиқро ба маъшуқ маҳз тавассути об ва ибораҳои марбут ба он иброз медорад. Истифодаи ибораҳои «қаламрави об», «пеш аз намоз вузӯъ гирифтан», «дар чашмаҳои чашмони маъшуқ ғусл намудан», «ба чашмони ташнае поктар аз чашмаи хуршед ҳувайдо гардидан», «соҳили худро нашинох­тани дарёи мавҷгардон» ифодагари эътиқоди шоир ба покии об мебошанд.

Дар байти зер ташбеҳи ошиқ ба оташ ва маъшуқ ба об хеле олиҷаноб тасвир ёфтааст:

Балки ту оташиву ман аз табори об,

Ман меравам нишебу ту бармешавӣ фароз.

Дар байти дигар олами ботини покро булӯрин номида, ҳазар аз олудашавӣ бо мурдаобро таъкид намудааст. Истифодаи вожаи дарётариқат навгонӣ буда, ин ташбеҳ поктинатии шоирро бамаротиб боло бурдааст:

Худро ба мурдаоб наолоям,

Дар олами булӯрини ту ғӯтавар шавам.

Ҳаловат ёфтан аз садои об ва табобат бо об барои ҳамагон ошност. Таронаи обро ба тасвир кашидани шоир дар ин маврид бисёр диққатҷалбкунанда буда, созу навои обро шунидану дарк намудан аз идроки баланди ӯ нисбат ба созу наво шаҳодат медиҳад. Ва маҳз бо ҳамин омил шоир «шунидани таронаи лаби ҷӯйбор»-ро фароғат шуморида, дар байти дигараш оби ҷӯйро «шабоҳангу покрав» ва «шабнавоз» меномад.

Бар шав зи шаҳри заҳрфишон, ёри зарфишон,

Бар шав чу рӯдбор, саломат бирав, биё.

Фароғат аст, шунидан дар ин мағалгаҳи даҳр,

Таронае, ки лаби ҷӯйбор мехонад.

Дарёи Сир барои шоир дафтари хотироти умр маҳсуб мешавад, зеро ӯ нозпарварди ҳамин дарё аст. Мақсади худу ин дарёро шоир дар маҳви зулмот мебинад, ки яке бояд бо фароҳам овардани захираи об барои истеҳсоли барқ зулмоти шаб ва дигаре бо савияи баланди маърифатфизоӣ зулмоти маънавиро маҳв намоянд:

Аз шонаҳои Мевағул нури шафақ лағжад саҳар,

Чашмони сабзи рӯди Сир тобад ба ман ғарқи шарар…

Оби маст имшаб ба соҳилҳо шабохун мезанад,

Бар димоғи ташнаи ман бӯи Сайҳун мезанад…

Эҳсонкории шоир дар шеъри ӯ ҳувайдо буда, шоир саховатмандона рӯду дарёҳоро ҳангоми зарурат бо оби дидаи хеш сероб гардониданӣ мешавад:

Бонуи абр мешаваму оби дидаро,

Бар рӯдҳои ташнаҷигар хайр мекунам.

Баргҳо каф мефишоранд, оби раҳмат рез боз,

Гавҳари ҳар қатраро дар гӯши гул овез боз…

Маъзур, ки ташна сӯзиву ман

Бо дард бинӯшам оби Кавсар…

Дар баъзе шеърҳои охири солҳои 80-90-уми асри гузаштаи шоир байтҳое ҳастанд, ки дар муҳити номусоид истодагарӣ намудани шоир ва гоҳе ба муқобили маҷрои замона роҳ паймуданро таҷассум намудаанд:

Ғукон нишеман кардаанд, андар булӯрин обҳо,

Ман ҳурии нилуфарам, рӯида дар мурдобҳо.

Ту пешравиҳои маро саҳл мапиндор,

Он рӯднавардам, ки муқобилрави маҷрост.

Имтиҳони зиндагӣ барои инсон ногузир аст. Аммо иродаи қавии Фарзона аз тавонмандӣ ва шукргузории ӯ ба шодию нишот ва ғаму андуҳ дарак медиҳад.

Чу ман дарёяму рӯзе бихушкам

Маро дарёб, ҳоло вақт вақт аст.

Мо дар ин матлаб оид ба чанд шеъри ин шоири соҳибмақом, ки истифодаи вожаи об ва ибораҳои марбут ба ин вожа меҳваранд, ибрози ақида намудем. Дар ашъори шоир чунин мисраъҳо кам нестанд ва мо мутолиаи онҳоро ба ихлосмандони шеъри воло тавсия медиҳем.

Гул ШАРИФОВ,

номзади илмҳои геология ва минералогия