Ба муносибати «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 30-солагии Конститутсия
Аз замоне ки инсон худро шинохту ба марҳилаи огоҳӣ расид, дар пайи барномарезиҳои назарию амалӣ, тадоруки танзими зиндагӣ, офаридани неъматҳои рӯзгор ва ҳимояти фардию ҷамъӣ шуда, дар ин замина иқдомот рӯйи даст гирифт. Дар марҳилаи болотари огоҳию шинохт инсон ба қонунофаринӣ машғул шуда, фаъолияти сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва мадании худро аз ин тариқ танзим кард ва роҳро барои рушди инсонӣ ҳамвор намуд. Бо боло рафтани сатҳи тафаккуру шуури фардию ҷамъиятӣ қонунофаринӣ ва дар доираи қавонини зарурӣ танзим намудани рӯзгору зиндагии инсонӣ ба ҳукми анъана даромад ва бо таваҷҷуҳ ба муқтазиёти замонию маконӣ рушду густариш ёфт. Бо таваҷҷуҳ ба рушду пешрафти башар қонунофаринӣ ба кори давлатӣ ва умури асосии сиёсӣ бадал гашт ва ҳар давлату кишвар дар доираи қонун фаъолияти сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангиашро ба танзим дароварда, заминаи пешрафту тараққиро фароҳам меоварад. Дар ин замина, офаридани Конститутсия, ки сарчашмаи ҳуқуқ маҳсуб шуда, соири қавонину барномарезиҳои давлатӣ бар мабнои он тарҳу таҳия мешаванд, вежагии аслию асосии давлатдорист.
Дар доираи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» чанд нуктаро мухтасар манзур менамоем:
Якум. Ормонҳои миллӣ тору пуди ҳувияти миллатро ташкил медиҳанд. Илова бар ин, қонуни асосии кишвару давлатҳо ғолибан бар асоси ормонгароии миллатҳо шакл мегирад ва таври худогоҳу нохудогоҳ ифодакунандаи орзую омол ва ормони миллатҳост. 20 июли соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Лоиҳаи Конститутсияи навро мардум қонуни сарнавишту такдирсоз номидааст, ки ин асоси воқеӣ дорад. Конститутсияи нави Тоҷикистон бояд ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, конститутсияе, ки минбаъд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият дар чорчӯбаи он сурат бигирад, барои насли имрӯзу ояндаи мо муқаддасу шариф аст». Аз ин ҷост, ки қонуни асосии мо ҳам бар мабнои орзуву омол ва ба истилоҳ, ормонҳои миллӣ таҳия гардидааст.
Дувум. Вақте ки дар бораи ормонҳои миллӣ суҳбат мекунем, мебояд сари мафҳуми «ормони миллӣ» андеша намоем. Ормони миллӣ арзишҳо ва ихлосу алоқаҳои аслию асосии як миллат аст, ки тавассути раҳбарони олии сиёсӣ бо дар назар гирифтани ақидаҳо, мафкураҳо, масолеҳи миллӣ ва қавонини ҳоким дар кишвар ташхис ва табйин мешавад. Яъне, ормони миллӣ манофеи аслию асосӣ, ҳадафҳои бисёр бузург ва гоҳ дастнаёфтаест, ки тавассути раҳбарон таъин мегардад ва миллатҳо бо ҳидояти раҳбарон ба самти он ҳаракат менамоянд. Ормони миллӣ тасвири идеалии зиндагии миллист, ки дар тахайюли як фард вуҷуд дошта, барои ҳамбастагию иттиҳоди қавмӣ кумак мекунад ва дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва тавсеаву рушди фарҳангӣ мусоидат менамояд.
Севум. Дар олами асотир ва боварҳои бостонии мо фарҳанги меҳрварзию хирадмадорӣ ба унвони мавзуи меҳварӣ будааст ва дар раъси ин навъ фарҳанг шаҳриёри миллӣ – Ҷамшеди Пешдодӣ қарор дорад. Маҳз Ҷамшед аз тариқи илму хирад ва меҳру шарофат ҷаҳонро тағйир дод ва қонуни асосии кишварашро бар асоси меҳру хирад таҳия намуда, шароити беҳтари зистро барои мардум вазъ кард. Дар устураҳои ба Ҷамшед ихтисосёфта бар он ишора мешавад, ки дар замони зиндагии ӯ мардум озоду осуда зиндагӣ мекард ва беморӣ, ранҷ, дард ва марг ҷомеаро таҳдид наменамудааст. Аз тарафи дигар, Ҷамшеди Пешдодӣ тавассути илму хирад ва ақлу мантиқ қонун офарида, ҳаёту рӯзгори мардуми замонашро ба хубӣ танзим кардааст. Дар китоби «Вандидод» (фаргарди дувум, бахши якум, банди 5), ки ба достони Ҷам ихтисос ёфтааст, Ҷамшед дар посух ба пурсиши Аҳуромаздо гуфтааст: «Ман ҷаҳони туро фарохӣ бахшам. Ман ҷаҳони туро биболонам ва ба нигаҳдории (ҷаҳониён) солору нигаҳбони он бошам. Ба шаҳриёрии ман на боди сард бошад, на (боди) гарм, на беморию на марг». Ҳаким Фирдавсӣ бо такя ба асотири куҳани аҷдодӣ дар қолаби достони Ҷам аз дарду беморию ранҷурӣ ва марг раҳо гардидани мардумро фоли неки наврӯзӣ дониста, аз ҷумла таъкид кардааст:
Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин,
Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.
Бузургон ба шодӣ биоростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд…
Дар зимн, шукӯҳмандии Ҷамшеди Пешдодӣ ва пешрафти замонии ӯ дар қолиби асотири пешини аҷдодӣ рехта шудааст. Аз сӯйи дигар, устураҳо бозгӯкунандаи зиндагӣ ва рӯзгори фикрию маданию иҷтимоию фарҳангии инсонҳоянд. Ба назари муҳаққиқон, устура шарҳи амал, ақида, падидаи табиӣ аст ба сурати фаросӯйӣ, ки дастикам бахше аз он аз суннат ва ривоятҳо гирифта шуда ва ё бо оин ва ақоиди динӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳодисаҳое, ки дар устураҳо нақл мешаванд, ҳамчун достони воқеӣ талаққӣ мегарданд, зеро ба воқеият баргашт дода мешаванд ва ҳамеша мантиқеро дунбол мекунанд. Устура гоҳе ба зоҳир ҳодисоти таърихиро ривоят мекунад, аммо он чӣ дар ин ривоят муҳим аст, сиҳати таърихии онҳо не, балки мафҳумест, ки шарҳи ин достонҳо барои муътақидони онҳоро дар бар дорад. Ҳамчунин, аз ин ҷиҳат, ки дидгоҳҳои одамиро нисбат ба хештан, ҷаҳон ва офаридгор баён мекунад, дорои аҳамият аст. Мунтаҳо, танҳо Ҷамшеди устураӣ тавонистааст, ки аз тариқи се асли вуҷудию ҳувиятӣ — меҳр, хирад ва дод мардумро ба худшиносию пирӯзӣ ва рифоҳу тараққӣ расонад. Ба қавли донишмандон, дар даврони Ҷамшеди Пешдодӣ мардум ба шукуфоии иқтисодӣ ва рифоҳи иҷтимоию маданӣ расида, хонаҳои бошукӯҳ бунёд мекунанд, гармобаҳо месозанд, ҷавоҳирот дуруст карда, атр ба кор бурда, билохира, дар нозу неъмат ғарқ шудаанд. Тибқи устураҳо, ҷомеаи давраи Ҷамшед зарфи сесад сол чунон дар рифоҳу осоиши маънавию моддӣ ғарқ мешаванд, ки ранҷу дард, зулму бадӣ, заъфу нотавонӣ, пирию беморӣ ва маргу нестиро аз ёд мебаранд ва дар фазои ромишу тараб умр ба сар мебаранд. Фирдавсӣ он давраи пуршукӯҳро хеле муассир бозтоб додааст:
Чунин сол сесад ҳамерафт кор,
Надиданд марг андар он рӯзгор.
Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,
Миён баста девон ба сони раҳӣ.
Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гӯш,
Зи ромиш ҷаҳон буд пуровозу нӯш.
Хулоса, дар асотири Ҷамшед ва Фаридун қонунофаринӣ бар мабнои ақлу хиради инсонӣ ва манофеи миллию мардумӣ тарҳ мегардад ва рифоҳу озодӣ таъмин мешавад. Ин аст, ки ормонҳои миллӣ, ки дар қолиби асотиру боварҳоямон таҷассум шудаанд, равиши зиндагӣ ва рӯзгори мо дурусту мантиқӣ бозтоб ёфтааст.
Чаҳорум. Ормонҳои миллӣ минбаъд дар марҳилаи таърихӣ шакл мегиранд ва ба воқеият табдил меёбанд. Бад-ин минвол, дар замони давлатдории Куруши Кабир ормонҳои миллӣ воқеият касб менамоянд. Бар асоси ормонҳои миллӣ ва давлатдории ҷамшедӣ нахустин Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз тарафи Куруши Кабир дар соли 538 пеш аз милод эълом ва иҷро мешавад. Соли 1969 милодӣ, пас аз гузашти 2507 сол аз судури фармони мазкур намояндагони кишварҳои гуногун бо ҳузур ба оромгоҳи Куруш аз ӯ ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон таҷлил карданд. Аз таърих маълум аст, ки барои сарнагун кардани истибдоди шоҳи Бобул мардуми он Курушро даъват мекунанд. Баъд аз озод намудани мардуми Бобул Куруш маншур ё ба истилоҳи имрӯза, эъломия мунташир мекунад. Дар маншури худ Куруши Кабир, қабл аз ҳама, ба масъалаи озодӣ ва анвои гуногуни он, амсоли озодии виҷдон, ки нахустзаминаи давлати демократӣ талаққӣ мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва дар ин замина таъкид мекунад: «Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагзоштам ранҷу озоре ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд…ба тирабахтиҳои онон поён бахшидам. Ман бардадориро барандохтам. Фармон додам ҳамаи мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд». Мардонагӣ ва шарофати Курушро дар бахшҳои 32 ва 34-и Эъломияи Куруш дар нукоти зерини калидӣ дар заминаи эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва инсон ба хубӣ мушоҳида мекунем: «Фармон додам ҳамаи ниёишгоҳе, ки баста буданд, бигшоянд. Ба ниёишгоҳҳои худашон бозгардондам. Ин саховатмандӣ, мардонагӣ, хирадмандӣ ва шарофати ӯро дида мардуми Бобул ба вай унвони «Шоҳи Бобул» ва «Шоҳи сарзаминҳо»-ро додаанд. Куруш бар маросими иди Наврӯз ба суннати деринаи подшоҳони Бобул, дасти Bel (Баал) – Худои бузурги бобулиёнро ламс мекунад ва қонунан ва шаръан дар шумори подшоҳони Бобул дармеояд. Куруш он ҷо сиёсати родмардӣ ва инсондӯстии худро ба намоиш мегузорад ва фармони аз асорат озод кардани яҳудиёнро содир мекунад. Ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ба сарзамини хеш бозгашта, маъбади Байтулмуқаддасро ба ҳамон сурати пешазвайронӣ бозсозӣ кунанд.
Панҷум. Дар асоси ормонҳои миллию мардумӣ дар шароити нави таърихӣ (манзур давраи Истиқлоли давлатӣ аст) мардуми тоҷик сарнавишти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангию иҷтимоии худро дар қолаби Конститутсияи миллӣ аз нав тарҳрезӣ намуд. Муқаддимаи Конститутсия (моддаи 1) калидғояро дар шакли зайл таъкид мекунад: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад… Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Дигар бахшҳои санади асосии миллӣ мазмунан ин нуктаи калидиро тавзеҳу ташреҳ медиҳанд (барои намуна, моддаи 5: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд», моддаи 18: «Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад», моддаи 30: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст». Бар пояи Маншури Куруш ва асноди байналмилалӣ моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаққӣ мекунад: «Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Нукоти мазкур, ки дар шаҳодатномаи давлат — Конститутсия инъикос ёфтаанд, дар заминаи омӯзиш ва бозшинохти ормонҳои миллии бостонӣ дарҷ гардидаанд.
Шашум. Давлатсозӣ ва давлатдорӣ кори саҳлу осон набуду нест. Имрӯз, ки дар шароити ҳассоси бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ба сар мебарем, муваззафем, ки манофеи миллӣ-давлатӣ, аз ҷумла Конститутсияи Ватанамонро дифоъ намоем ва дар роҳи расидан ба сатҳи як миллати шоистаю пешрафтаю мутамаддин саъю талоши фаровон биварзем. Дар ин роҳ, албатта, мо ба ормонҳои миллӣ, қувваи давлатмадорони ватанӣ, зиёиёни саршиноси миллӣ ва саъю талоши ҳадафмандонаи афроди огоҳу банангу боғурур такя мекунем.
Нозим НУРЗОДА,
корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон