КМИР хабар медиҳад

№151-152 (4891-4892) 20.12.2024

Интихобот17-уми декабри соли 2024 ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ 41 комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил карда шуд.

Бо мақсади мусоидат ба субъектони интихобот, ошкоро ва шаффоф баргузор шудани маъракаи интихобот ва инъикоси ҳамаҷонибаи раванди ташкилу баргузории интихобот маркази матбуотии муваққатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ таъсис дода шуд.

Ҳамчунин, тартибҳои иштироки воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саволу ҷавобҳо оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоат, роҳнамо оид ба омода намудани участкаи интихоботӣ ба рӯзи интихоботи вакилон ва дигар санадҳои дахлдор қабул шуданд.

КМИР