Гӯянд ҷаҳон барои инсон танг аст,
Ин бофтаи сарони бефарҳанг аст.
Дунё зи барои дӯстиҳост кушод,
Аммо зи барои душманиҳо танг аст.
Рубоии пурмаънӣ ва саривақтии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бори дигар шаҳодати он аст, ки дари дунё ҳамеша барои дӯстиву рафоқат боз ва барои душманӣ баста хоҳад буд. Мустаҳкамии пойдевори ҷомеаи мутамаддини дунё ба фарҳанг рабт дорад.
Воқеаҳои харобиовари солҳои охир нишон дод, ки хатар домани оламро такон дода, боиси нигаронӣ гардидааст. Чашми танги дунёпарастони хабис ва муборизаи гурӯҳҳои муқобил хисороти зиёд ба бор меорад. Шишаи чашми замон тира гашта, одамон қурбон мегарданд ва шаҳру деҳа ба коми оташ фурӯ меравад.
Терроризму экстремизм аз ҳамин гуна хатарҳои харобиовар ва пурдаҳшат мебошанд. Мубориза рағми он рӯз то рӯз зиёдтар шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар баъзе кишварҳои олам ҷангу хунрезист.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар вохӯрӣ бо аҳли фарҳангу фаъолони ҷомеа тарғибу ташвиқи ваҳдати сартосариро ёдрас шуда, аз ин хатарҳо эмин нигоҳ доштани кишварро таъкид мекунанд. Шиори ҳамешасабзи «Тоҷикистон, ба пеш!» моро ба сӯи ормонҳои миллӣ ҳидоят мекунад, зеро ба ибораи шоир:
Ватан ҳар лаҳза ёру ёвари мост,
Ватан армони дил, бому дари мост.
Набояд ранҷу озоре ба ӯ дод,
Ягона нусхае аз модари мост!
Тамоми аркони сухан хоку хори Ватанро аз тахту тоҷ боло дониста, дар ҳифзи он қурбон шуданро шараф медонанд. Шоҳбайти Фирдавсии Тӯсӣ далели андешаи болост:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Терроризм ва экстремизм мисли торикии шадид оинаи давронро тира намуда, ба сарсонию куштори одамони осоишта, бахусус занону кӯдакон, боис мегардад. Мубориза алайҳи ин хатар кори саҳл набуда, танҳо вазифаи давлат нест. Бояд ҳама дар ин самт тадбирҳои судманд андешанд ва роҳи онро батамом банданд.
Тоҷику тоҷикистониён бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри аз байн бурдани тамоми хатарҳо собитқадаманд. Ободиҳои бемисли кишвар, амну субот далели раднашавандаи ин гуфтаҳост.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷавонони мо дар партави ин сиёсат дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ устувор буда, ба маҳви терроризму экстремизм шарафёб мегарданд.
Халифабобо ҶУМЪАЗОДА,
сармуҳаррири маҷаллаи «Хорпуштак»