Ифтитоҳи иншооти нав дар Хоруғ

№153 (4893) 23.12.2024

467467783Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, раиси шаҳр Ризо Назарзода як қатор иншооти нави бахши иҷтимоӣ ифтитоҳ ёфтанд.

Зикр гардид, ки солҳои соҳибис­тиқлолӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хоруғ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маб­лағгузорӣ зиёда аз 2 миллиард  сомонӣ равона гардида, беш аз 650 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шудааст.

467490584_1Роҳбарияти вилояту шаҳр, ҳамзамон, чанд маркази савдо, кошонаи ҳусн ва маркази дандонпизишкиро мавриди истифода қарор дода, дар маҳаллаи Носири Хусрав бо лоиҳаи бунёди боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» ва дар маҳаллаи «Хоруғи боло» бо барномаи бунёди маҳали аҳолинишин, ки дар доираи он сохтмони хонаҳои баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзиш ва боғчаи кӯдакон ба нақша гирифта шудааст, шинос гардиданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»