Дар шаҳри Бохтар маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сухани табрикӣ изҳор дошт, ки шаш сол аст бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин озмунҳо дар сатҳи баланд доир мегарданд. «Бешубҳа, роҳандозӣ намудани ин озмунҳо инқилоби маънавиро дар соҳаи илму маърифат ва фарҳангу ҳунар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба миён овардааст. Боиси қаноатмандӣ аст, ки сатҳи баргузории даврҳои гуногуни озмун сол ба сол беҳтар гардида, чеҳраҳои нави суханвару сухандон, донишманду соҳибзавқ дарёфт ва муаррифӣ мегарданд», — гуфт раиси вилоят.
Ба таъкиди раиси вилоят Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон соли равон барои қадршиносии ғолибону устодони онҳо, дар маҷмӯъ, 1 миллиону 572 ҳазору 875 сомонӣ ҷудо намудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 375 ҳазору 375 сомонӣ зиёд мебошад.
Соли равон довталабони вилояти Хатлон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳу доноӣ китоб аст» ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, 35 нафар ғолиб гардида, соҳиби 2 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм ва 19 ҷойи сеюм гаштанд.
Дар тӯли шаш соли баргузории даврҳои гуногуни Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» садҳо нафар дӯстдорони санъату ҳунар ба камол расида, ба саҳнаҳои калони ҳунар роҳ ёфтанд. Соли равон теъдоди иштирокчиёни озмуни мазкур дар вилоят ба 1388 нафар расида, аз ин шумора 16 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштаанд.
Зикр шуд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки «Ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замон бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст». Аз ин лиҳоз, раиси вилоят пешниҳод намуд, ки бо мақсади тақвият додани сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон, дар вилояти Хатлон соли 2025 «Соли фарҳанги китобхонӣ» эълон карда шавад. Пешниҳоди раиси вилоятро иштирокчиёни чорабинӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»