Фарзанди содиқи миллат

№153 (4893) 23.12.2024

deiZdBTbRy0Ҳанӯз аз аҳди қадим фарзонафарзандони миллати фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик роҳи маърифат ва илму донишро равшан карда, дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Азбас­ки душманону бадхоҳони миллати тоҷик дар замири нопоки хеш орзуи ғасби сарзамин ва маҳви илму фарҳанги онро мепарвариданд, ҳамеша барои рушду пешрафти он монеа эҷод менамуданд. Чунин муносибати душманона ва теша заданҳоро ба решаи миллати хеш аз ҷониби ин тоифа дар ҳама марҳилаи таърихӣ бармало мушоҳида карда метавонем.

Хушбахтона, бо вуҷуди ин ноҷавонмардию хиёнаткориҳо дар тамоми лаҳзаҳои ҳассос барои ҳалли мушкилоту раҳо ёфтан аз варта халқи шарифи тоҷик ҳамеша аз хиради азалии хеш кор мегирифт. Дар саргаҳи ин наҳзат ҳанӯз аз аҳди давлатдории Каёниёну Ҳахоманишиён, Сосониёну Сомониён, Саффориёну Тоҳириён, Ғуриёну Сарбадорон, Оли Курт то кунун ҳамеша шахсиятҳои миллатдӯсту меҳанпараст ва афроде, ки хидмат дар роҳи истиқлоли меҳану озодии миллатро бузургтарин арзишҳо ва ҳадафи ҳастии хеш медонанд, қарор доштанду доранд.

Ҷанги якуми ҷаҳон, ки ҳадаф тақсимоти дигарбораи ҷаҳон буд, барои аксар халқияту миллатҳо душвориҳои зиёд пеш овард. Аз ҷумла, Осиёи Марказӣ, чун гавҳари кашфношуда ва дорои захираҳои бузурги табиӣ, диққати тамоми абарқуд­ратҳоро ҷалб менамуд. Агар он замон абарқудратҳо бештар захираҳои табиию ҷанбаҳои моддиро фикр мекарданд, душманони миллати тоҷик, ки кам набуданд, маҳви таъриху фарҳанги онро тарҳрезӣ менамуданд. Мисоли равшани инро дар Осиёи Марказӣ ҳузури сиёсӣ пайдо кардани пантуркистон ва ба ин марз интиқол додани ҷараёни пантуркизм мушоҳида карда метавонем. Аз ин рӯ, дар он замон вазъияти сиёсию идеологӣ барои миллати тоҷик боз ҳам мураккабу душвор ва сангину вазнин шуд, зеро монанд ба хиё­наткорону таҳмилгарони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта бо ҳузури пантуркистон дар Осиёи Марказӣ бисёре аз донишмандони аз нигоҳи этникӣ мансуб ба миллати тоҷик чеҳра иваз карда, бештар аз бегонагон теша ба решаи миллат заданд. Маҳз бо сабаби хиёнаткориҳои чунин афрод марҳилае рӯйи кор омад, ки миллати куҳанбун­ёди тоҷикро хатари пурра аз байн рафтан ва фарҳангу тамаддуни онро комилан маҳв шудан таҳдид мекард.

Маҳз дар ҳамин марҳилаи ҳассоси барои яке таърихсӯз ва барои дигаре таърихсоз фарзонагони миллати сарбаланди тоҷик, ба монанди Шириншоҳ Шоҳтемур, Нус­ратулло Махсум, Чинор Имомов, Иброҳим Исмоилов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Саидаҳмад Анваров, Аббос Алиев, Абдуқодир Муҳиддинов ва дигарон бо далерӣ, ҷасорат ва шуҷоатмандӣ аз зуҳури хеш дарак доданд. Аз ҷумла, дар қатори ин ҷонфидоёни миллат ва таъсисгарони давлати навини Тоҷикистон ҷаҳду талошҳо ва заҳмату машаққатҳои беназири фарзанди фарзонаи миллат Шириншоҳ Шоҳтемур қобили ёдоварӣ ва шоистаи таҳсину офарин аст. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва ҳар нафаре, ки худро соҳибватану намояндаи ин миллати куҳанбунёд меҳисобад, баҳри таъмини истиқлолу озодии ин марзу бум мебояд чун Шириншоҳ Шоҳтемур гомҳо бардорад.

Дар шароите ки душманони миллати мо афзалият дошта, аз нигоҳи низомӣ, сиёсӣ ва идеологӣ комилан мусаллаҳ буданд, масъалаи миллиро матраҳ кардан ниҳоят душвор буд. Дар он вазъияти мураккабу хатарзо баррасии масоили миллӣ, махсусан тоҷикият ва дифоъ аз арзишҳои миллӣ, ба баҳои ҷон баробар буд. Маҳз дар чунин шароит Шириншоҳ Шоҳтемур баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди давлати миллӣ талош варзид.

Шириншоҳ Шоҳтемур дар масири огоҳию бедории миллӣ ва ҳифзи истиқлолу озодии меҳан чун кӯҳҳои Ватани маҳбубамон устувору сарбаланд буд. Ин марди далеру ҷасур ва таҳамтансурату қавиирода аз душманон заррае наҳаросида, чанде аз фаъолони сиёсии тоҷикро ҷамъ оварда мегӯяд: «Дар шароите, ки пантуркизм ҳукмфармо аст, масъалаи миллиро ҳал кардан ниҳоят душвор буда, илова бар ин, мутаассифона, қисми равшанфикрони тоҷик таҳти ин вабои мудҳиш сару ҳисобашонро гум кардаанд. Тақдири одамонро набояд як гурӯҳи одамони оҷиз ҳал кунанд. Онҳо ҳуқуқ доранд ҷумҳурии мухтори худро дошта бошанд, вазъияти ҳозира инро талаб мекунад. Мо ба ин ноил мегардем».

Ба ҳамин ҷаҳду талош Шириншоҳ Шоҳтемур ва фарзонагони ин миллат баҳри ташкили Тоҷикистон ва ба ин восита амалӣ кардани орзуҳои чандҳазорсолаи миллати хеш камари ҳиммат бастанд ва дар ниҳоят худро қурбону миллати тоҷикро соҳибватан гардониданд. Аз ин рӯ, ҳар як хидмати ин абармарди майдони сиёсат дар масири таъсиси давлати миллӣ, амалӣ намудани орзуи деринаи мардуми тоҷик, ҳастии худро қурбони ҳастии миллат намудан, бунёд гузоштан ба маорифи миллӣ ва таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ на танҳо шоистаи таҳсину офарин, балки барои ҳар фарди огоҳу бедор ва миллатдӯсту меҳанпараст дарси бузургу сабақ­омӯз аст.

Барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ огоҳ будан аз зиндагӣ, фаъолияти давлатию сиёсӣ ва хидматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ҳам қарз асту ҳам фарз. Огоҳ будан аз паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ, кору пайкор ва хидматҳои мондагори саркардагони масири истиқлолу озодии миллат ва бунёд­гузорони давлатҳои миллӣ, аз ҷумла Шириншоҳ Шоҳтемур, мояи ифтихор ва сарфарозӣ хоҳад буд, зеро тақдири миллату меҳан ин ҷавони огоҳу бедорро дар чунин вазъият ором гузошта наметавонист ва ӯ огоҳонаю ҳадафмандона ин роҳро интихоб кард. Фаъолияти давлатию сиёсии ӯ аз лаҳзаи фаъо­лият дар шуъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогии шаҳри Тошканд оғоз меёбад, ки дар ин ҷо ба узвияти Ҳизби коммунист (болшевикон)-и Россия пазируфта мешавад. Моҳи майи соли 1921, бинобар нарасидани озуқа дар шаҳрҳои Туркистон бо супориши Кумитаи иҷроияи марказӣ Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳайати 500 «донишҷӯи пролетарӣ» дар тақсимоти озуқавории волости Дилварзини Хуҷанд ширкат варзидааст. Пас аз чанде ӯро ба КИМ-и Туркис­тон даъват намуда, дар ҳайати сегонаи фавқулодаи ҳарбӣ-сиёсӣ барои барпо намудани ҳокимияти шуроҳо ҳамроҳи Т. Дяков ва Ҳ. Ҳусейнбоев ба Бадахшон мефиристанд. То охири соли 1922 дар он ҷо кумитаҳои инқилобӣ таъсис дода мешавад ва пас аз бозпас хондани Т. Дяков ба Тошканд Шириншоҳ Шоҳтемурро раиси Кумитаи инқилобии Помир интихоб менамоянд. Дар баробари ташвиқи зарурати таъсиси кумитаҳои инқилобӣ дар Помир вай дар оғози фаъолият ба ислоҳоти замину об ва тақсими одилонаи он ба деҳқонон, таъсиси анборҳои захираи озуқа барои дастгирии камбағалон, ташкили мактабҳо барои маҳви бесаводӣ ва тайёр намудани кадрҳои маҳаллӣ шурӯъ менамояд.

Бо назардошти хизматҳои бенуқсон, дониши фарох ва малакаи баланди корӣ соли 1924 ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунист даъват гардида, инс­пектори зершуъбаи ақаллиятҳои миллӣ дар шуъбаи тоҷикӣ таъин мешавад. Марҳилаи нави фаъолияти сиёсии Шириншоҳ Шоҳтемур маҳз аз ҳамон ҷо оғоз меёбад.

Ҳарчанд мақомоти ҳизбию давлатии ҷумҳуриҳои Бухоро ва Хоразм баҳри амалӣ кардани тақсимоти марзию миллӣ корҳои зиёди ташкилию фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд, вале зимни шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳое, ки доир ба масъалаҳои миллӣ аз ҷониби КМ Ҳизби коммунист омода шуда буданд, Шириншоҳ Шоҳтемур доир ба мавҷудияти миллати худ, ҳамчун халқи асосию таҳҷойии Осиёи Марказӣ, ҳатто ишорае ҳам пайдо карда наметавонад. Чун шахсияти сар то по миллӣ буд, дарҳол дарк намуд, ки миллатгароён зери ниқоби сиёсати миллии ҳизб ва ҳокимияти шуравӣ мақсади ташкил намудани давлати ягонаи туркиро дар Осиёи Миёна ба амал бароварданианд. Албатта, чунин муносибат нисбат ба тақдири миллат Шириншоҳи миллатдӯсту меҳанпарастро ором гузошта наметавонист. Дар баробари Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Иброҳим Исмоилов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Саидаҳмад Анваров, Абдуқодир Муҳиддинов ва равшанфикрони дигари тоҷик ба воситаи мактубу муроҷиатномаҳо ба унвони Бюрои осиёимиёнагии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Россия ва КИМ-и Туркистон эътироф намудани ҳуқуқу манфиатҳои миллии тоҷиконро қотеъона талаб кард. Далели равшан ва раднопазири ин гуфтаҳо мактуби ӯ — «Гузориш ба Сталин дар бораи мавқеи маданӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мебошад.

Сипас, давоми солҳои 1925-1926 Шириншоҳ Шоҳтемур дар вазифаҳои корманди масъули Инспексияи коргару деҳқони Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори КМ Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Ӯзбекистон дар Тоҷикис­тон ва ҳамзамон, Комиссари халқии молияи Тоҷикистон, роҳбари комиссияи ҳукуматӣ оид ба муҳофизати аҳолӣ ва барҳам додани ҳаракати босмачигарӣ дар навоҳии минтақаи Кӯлоб фаъолият кард. Солҳои 1926-1929 намояндаи доимии Тоҷикистон дар Шурои комиссарони халқии Ӯзбекис­тон таъин гардида, дар як вақт чун шунавандаи Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқ ба номи И. В. Сталин таҳсил ме­намояд. Соли 1929 фавран ба Тоҷикис­тон даъват шуда, пас аз ташкили Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон котиби дуюми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб мегардад. Соли 1932 барои такмили дониш ба шаҳри Москва меравад ва соли 1933 ба Тоҷикистон даъват гардида, то соли 1937 вазифаи раиси КИМ РСС Тоҷикистон ва ҳамзамон, яке аз муовинони раиси Комитети иҷроияи марказии Иттиҳоди Шуравиро иҷро мекунад.

Ин роҳбари хирадманду донишвар дар бунёд ва кушодани мактабҳои шуравӣ дар ҳама гӯшаю канори Тоҷикистони навташкил ташаббускори асосӣ буд. Маъхазҳои зиёди таърихӣ собит менамоянд, ки саволи аввалину дӯстдоштаи Шириншоҳ Шоҳтемур зимни сафару вохӯриҳо «Шумо мактаб доред?» будааст. Ҳамчун роҳбари миллатдӯсту меҳанпараст ба хубӣ дарк мекард, ки рушди босубот ва ҳамаҷонибаи Тоҷикистон бе тарбияи кадрҳои болаёқату босаводи миллӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, таъсиргузор шудани сох­ти нав ва рушду пешрафти соҳаҳои фаъолиятро дар манотиқи мухталифи кишвар, пеш аз ҳама, дар маҳви бесаводӣ, бахусус, байни ташкилотҳои ҳизбӣ ва аъзои онҳо, медид. Ӯ худ мактабшинос буда, аз 17 ҳуҷҷати расмии мавҷудаи шарҳиҳолиаш дар 5-тояш касби хешро коргар, дар 6-тояш омӯзгор, дар 1 ҷой педагог ва дар 5-тои дигар корманди ҳизбӣ навиштааст. Бо назардошти касбият ва зарфияти дониш муддате роҳбарии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба маҳви бесаводиро ба уҳда дошт.

Азбаски Шириншоҳ Шоҳтемур шахсияти миллатдӯст ва марди огоҳ буд, ба ҳайси раиси Комиссияи таҳия ва қабули Конститутсия, Нишон ва Парчами давлатии вақт фаъолияти пурсамар дошт. Ҳамчунин, ин роҳбари донишманд дар саргаҳи ташаккули қонунгузории ҷумҳурӣ ва ҳуҷҷатҳои муҳими дигар низ қарор доштааст. Масъулият ва ҷуръати беандозааш буд, ки моҳи марти соли 1937 аз минбарҳои баланд ба муқобили вайронкунии қонуният, поймолкунии ҳуқуқи инсон ошкоро сухан мегуфт ва беасос маҳбас шудани як қатор ходимони ҳизбию давлатиро маҳкум мекард. Ғайр аз ин, Шириншоҳ Шоҳтемур баробари устодони бузург Сад­риддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев ва Нисор Муҳаммад дар таъсис ва нашри аввалин рӯзномаҳои миллӣ саҳми арзанда дошт. Вай ҳамроҳи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ соли 1934 Ҷашни 1000-солагии достонсарои бузурги ҷаҳонӣ Ҳаким Фирдавсиро баргузор намуд, ки нишонаи баланди миллатдӯстию меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати хеш мебошад. Аз ин рӯ, дар таърихи бунёдгузорӣ ва пешрафти Тоҷикистони азизи мо Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз аввалин фарзонафарзандони миллат аст, ки дар сатҳи олии сиёсӣ расман аз тақдири миллату меҳанаш дифоъ намудааст. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҳақ фармудаанд: «Аз тоҷик будани худ ифтихор дошт ва аз рушду нумӯи Ватанаш меболид».

Бо вуҷуди ин ҳама хидматҳои мондагор, ҷаҳду талошҳо дар роҳи эҳёи миллат ва бунёдгузории давлати тоҷикон ин сарвари миллатдӯсту меҳанпараст ба гирдоби фитнаю дасисаҳои иғвогарону ҳасудхӯрон афтод ва бо ҷурми бофтаи «миллатчии буржуазӣ» ва «агентураи душман» аввал ба ҳабс гирифта, сипас, аз ҷониби Коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС ба қатл расонида шуд. Пас аз 19 соли ба шаҳодат расидан, 11 августи соли 1956, бегуноҳии Шириншоҳ Шоҳтемур собит гардид, вале сад афсӯс…

 Хушбахтона, бо дамидани субҳи истиқлол ва вазиши насими озодӣ миллати куҳанбунёду тамаддун­офари тоҷик дар соли 1991 ба истиқлоли комили сиёсӣ даст ёфт ва зимоми давлатдориро шахсияти таърихсозу давлатсоз, чун ниёгони сарбаланду шарафманди миллати хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтанд ва дар масири дигарбораи эҳёи таъриху тамаддун, илму фарҳанг, арзишҳову суннатҳои миллӣ ва гиромӣ доштани хотираи неки фарзонафарзандони миллат қадамҳои комилан нав гузоштанд. Бо назардошти хидматҳои мондагору саҳми бузургаш дар ташкил ва ташаккули давлатдории тоҷикон фарзанди фарзонаи миллат Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1999 бо ордени «Дӯстӣ» ва соли 2006 бо унвони олӣ — Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Номвар ҚУРБОН,

Аълочии матбуоти Тоҷикистон