Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 августи соли равон дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» ба ифтихори Ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаю унвонҳои фахрӣ супориданд. Аз ҷумла, собиқ хабарнигори махсуси рӯзномаи «Садои мардум» дар солҳои 1998 — 2008, шоири маъруф Ҷумъа Қувват бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Ҷумъа Қувват дастпарвари факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он вақт Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин) (солҳои 1966 — 1971) буда, то соли 2016 дар вазифаҳои мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Комсомолобод» (ҳоло «Нури Нуробод») фаъолият намудааст. Инчунин, дар ин миён беш аз даҳ сол хабарнигори махсуси нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2008 то соли 2011 хабарнигори махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ноҳияҳои минтақаи Рашт буд.
Дарвоқеъ, Ҷумъа Қувват яке аз сермаҳсултарин шоирони муосири тоҷик ба шумор рафта, ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ба эҷоди шеър оғоз кардааст. Шеъри машҳури ӯ «Нони гандум» дар 20-солагиаш дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расида, баъдан, ба китоби дарсии «Забони модарӣ» дохил карда шуд ва беш аз 50 сол аст, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯхта мешавад. Онро ҳунармандони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо оҳанги марғуб ва лаҳни форам сурудаанд, ки дар хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон маҳфуз аст. Солҳое, ки Ҷумъа Қувват масъулияти хабарнигории махсуси рӯзномаи «Садои мардум» дар минтақаи Раштро ба зимма дошт, вазъи амниятию ҳолати роҳҳо харобу шумораи нақлиёт хеле кам буд. Бо вуҷуди ҷой доштани мушкилиҳо Ҷумъа Қувват ба деҳаҳои кӯҳистон рафта, дар бораи фаъолияти кишоварзон, вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, азму талоши мардуми минтақа барои ҳифзи суботу оромӣ ва ободии кишвар шеър ва хабару мақолаҳо менавишт.
Ӯ дар баробари таҳияи матолиб, ҳамчунин, ба ҳайси адиби шинохтаю нуктасанҷ ва мунодии сулҳу ваҳдат мардумро ҳамеша ба ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳм гузоштан дар ободии диёру рӯ овардан ба донишомӯзӣ даъват менамояд.
Ҷумъа Қувват муаллифи китобҳои «Нони гандум», «Орзу», «Чодари сабз», «Дидор», «Сухан гоҳе бигирад ҷои дору», «Пеш аз субҳ», «Корзори сухан», «Ифтихор», «Ваҳдатистон», «Хӯшаи гесу», «Найистони Ваҳдат», «Нахлистони тавҳид», «Ваҳдатистони Раштонзамин», «Достони об», «Ваҳдатистон», «Абармарди набарди ваҳдат» ва ғайра мебошад.
Шеърҳои пурмазмуну таъсирбахши ӯ аз ҷониби сарояндагони шинохтаи мамлакат, ба монанди Одина Ҳошим, Нигина Рауфова, Миралӣ Достиев, Ҳаётой Муъминова, Луҳираи Муъмин ва дигарон, суруда шудаанд. Асарҳои драмавии ӯ «Иҷоракорони сабзазор», «Пеш аз субҳ» ва «Оқилу Одил» бо тавсияи шурои бадеии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ аз ҷониби Театри халқии ноҳияи Рашт ба саҳна гузошта шудаанд.
Хидматҳои Ҷумъа Қувват дар таҳкиму тараннуми ваҳдати миллӣ ва рушди маорифу адабиёти тоҷик аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ордени «Шараф», медали «Хизмати шоиста», медали тиллои Кумитаи Сулҳ, нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»