Истиқлолият ва соҳибдавлатӣ имкони воқеии интихоби масири созгору мувофиқи давлатсозиро барои ҷомеаи мо муҳайё намуд. Дар натиҷа, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр шакли давлатдорӣ ва идоракунии худро муайян намуд. Эътирофи мавқеи калидии иродаи халқ дар раванди ташаккули ниҳодҳои мақомоти давлатӣ дар ин радиф мавқеъ ва ҷойгоҳи хосро соҳиб гаштааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро эълон ва барои гузаронидани интихоботи демократӣ заминаи мусоиди ҳуқуқиро таъмин намуда, иштироки озодонаро дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ кафолат медиҳад.
Тибқи Конститутсия дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, ин ҳуқуқи худро бевосита ё ба воситаи вакилонаш амалӣ мегардонад. Дар ин замина, ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот муайян гардидаанд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи 2 марти соли 2025 таъин намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз 4 декабри соли 2024 нишонаи амиқи татбиқи принсипи мардумсолорӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Ҳар як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд кӯшиш менамояд, ки дар ҷомеа шароите муҳайё созад, то ҳуқуқу озодиҳои инсон бевосита амалӣ шаванд. Интихобот василаи муҳими таъмини ҳамгироии иҷтимоӣ ва иттиҳоду ягонагӣ дар ҷомеа мебошад.
Интихобот муҳимтарин падидаи демократия буда, маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятиест, ки дар алоқамандӣ бо ташаккули мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқи субъективии шаҳрвандон оид ба интихобкунӣ ва интихобшавӣ ба вуҷуд меояд. Қисми муҳимтарини ин муносибатҳо тавассути меъёрҳои ҳуқуқии интихобот ба танзим дароварда мешавад.
Қобили қайд аст, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар бобати ташкил ва гузаронидани интихобот заминаи мусоиду боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ ба вуҷуд омада, дар байни субъектҳои раванди интихобот ҳамдигарфаҳмӣ, баҳсу муколамаҳои созанда, дарки мақсаду мароми тарафайн ва фазои орому озод фароҳам оварда шудааст.
Интихобот аз рӯйи принсипҳои умумӣ, баробар, бевосита ва пинҳонӣ гузаронида мешавад ва ин принсипҳо дар Конститутсия ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» қабул карда шудаанд, ки онҳо ҳуқуқи интихобот, кафолатҳои он, раванди тайёр ва баргузории интихоботро танзим менамоянд.
Дар ҳақиқат, баргузории интихобот дар кадом сатҳе, ки набошад, барои ҳар давлат рӯйдоди муҳими сиёсӣ аст. Натиҷаҳои он аз ҳар ҷиҳат рушди минбаъдаи кишварро муайян менамоянд. Интихоботи озод яке аз усулҳои муҳими ба таври демократӣ ташкил намудани ҳокимияти қонунӣ ва низоми сиёсӣ, таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон ва озодии интихоби онҳо мебошад. Маҳз, ҳамин нуктаро ба назар гирифта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2019 таъкид намуданд: «Интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҳуқуқи истисноии интихобкунандагон мебошад. Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд».
Дар замони ҷаҳонишавӣ нақш ва аҳамияти интихоботи озод ва принсипҳои байналмилалии интихоботӣ беш аз пеш баръало зоҳир мегарданд. Аз ин рӯ, мо, пеш аз ҳама, бояд муайян намоем, ки дар зери мафҳуми интихоботи озод ва меъёрҳои байналмилалии интихоботӣ чиро мефаҳмем, то баҳодиҳии интихоботи озод ва пайдоишу татбиқи фаҳмишҳои духӯраро истисно намоем. Интихоботи озод фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити воқеӣ барои омодагӣ ва баргузории интихобот, таъмини тарз ва усулу қоидаҳои мақбули раванди интихобот дар асоси таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки изҳори ихтиёрии иродаи интихобкунандагону интихобшавандагон ва ҷамъбасти қонунии натиҷаҳои овоздиҳиро таъмин менамояд. Зери мафҳуми меъёрҳои байналмилалии интихоботӣ принсипҳои ҳуқуқи байналмилалие фаҳмида мешаванд, ки ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон ва қоидаҳои рафтори иштирокчиёни раванди интихоботро дар мавриди ташкил ва баргузории интихобот муайян менамоянд. Ин ҷо ду нуктаро бояд махсус мавриди таъкид қарор дод:
1. Меъёрҳои аз тариқи қонун муайян кардани ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон (ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан);
2. Меъёрҳои аз тариқи қонун муайян намудани қоидаҳои рафтори иштирокчиёни ҷараёни интихобот ҳангоми ташкил ва гузаронидани он.
Ҳар дуи ин мавридҳо аз тариқи қонун муайян кардани интихоботи озод ва принсипҳои демократии интихоботӣ махсус таъкид мегардад.
Барои таъмини интихоботи демократӣ, озод ва шаффоф дар Конститутсия ва қонунҳои интихоботии Тоҷикистон асосҳои қавии ҳуқуқӣ мавҷуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои зерини интихоботи озод ва иштироки бевоситаи халқро дар идоракунии давлат муайян месозад: ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот; шаҳрванд ҳуқуқи бевосита ё тавассути вакилони худ ҳуқуқи иштирок карданро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат дорад; шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд; шаҳрванд ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шуданро дорад; халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Тартиби гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатро мувофиқан қонунҳои конститутсионӣ ва қонун муайян мекунад. Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад, яъне агар ҳуқуқи интихоботӣ вайрон карда шавад, шахс метавонад онро аз тариқи судӣ ҳимоя намояд.
Тоҷикистон, инчунин, ба аксарияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки принсипҳои асосиро вобаста ба ташкилу баргузор намудани интихобот муқаррар намудаанд, ҳамроҳ шудааст ва онҳоро эътироф намудааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ, Конвенсия дар бораи меъёрҳои интихоботҳои демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар санадҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи онҳо буда, дар қаламрави ҷумҳурӣ амал мекунанд.
Интихобот ба Маҷлиси Олӣ дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Пешрафти ҳаёти ҷомеа, дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар, ҳамзамон, камбудиҳои ошкоршуда дар рафти интихоботҳои баргузоршуда боис гардид, ки бо назардошти таклифу пешниҳодҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои дахлдори байналмилалӣ ба қонуни конститутсионии амалкунандаи солҳои 2004, 2007, 2009 ва 2019 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки демократикунонии ҷомеа дар Тоҷикистон, маҳз дар таъмини изҳори ихтиёрии иродаи интихобкунандагон, ташкил ва баргузории интихоботи озод, демократӣ ва шаффоф инъикос меёбад. Дар ин раванд аз ҳар як субъекти раванди интихобот тақозо мегардад, ки фаъолияти худро танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳо амалӣ намоянд. Дар ин раванд натиҷаи таҳлили таҷрибаи байналмилалии интихоботи демократӣ низ ба инобат гирифта мешавад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мекӯшад, ки дар ин раванд маърифати сиёсию ҳуқуқии интихобкунандагон мунтазам такмил дода шавад. Дар ин ҷода ҳар як интихобкунанда бояд масъулиятро оид ба амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии худ дарк намояд. Вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» ба имзо расид, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа аҳамияти хос дорад.
Дар ин замина, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати сиёсии субъектони интихобот бо роҳи баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар ва суҳбату вохӯриҳо шарҳу тавзеҳи мазмуну муҳтавои қонунҳои интихоботии кишвар ва меъёрҳои санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон идома дода мешавад.
Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот нишонаи камолоти фарҳанги сиёсии ҷомеа ва саҳмгузории мардуми шарифи Тоҷикистон дар пойдории истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷамъиятию сиёсии кишварамон арзёбӣ мешавад.
Наврӯз САМАДЗОДА,
котиби КМИР ҶТ