Муҳокимаи парламентӣ ахбороти вазорату идораҳои марбутаро оид ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» шунида, тавсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ
- назорати иҷрои талаботи банди 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №264, ки мувофиқи он ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва вазорату идораҳо ҷиҳати амалӣ намудани муқаррароти барнома, нақшаҳои он ва назорати иҷрои он ба зиммаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вогузор шудааст, пурзӯр карда шавад;
- зимни амалӣ намудани бандҳои дахлдори «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ба тарбияи наврасону ҷавонон, дарёфту ба воя расонидани истеъдодҳои нав ва дар маҷмӯъ, ба рушди бештари илму фарҳанги миллӣ диққати ҷиддию зарурӣ зоҳир карда шавад;
- корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба нигоҳ доштани гуногунии биологӣ, мутобиқат ба тағйирёбии иқлим ва суботи экосистемаҳои кӯҳӣ (сарчашмаҳои ташаккули ҷараёни об) фаъол карда шавад;
- ба раванди таҳқиқоти илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ баҳри баланд бардоштани худшиносӣ, худогоҳӣ ва ғурури миллӣ аҳамияти бештар дода шавад;
- барои амалишавии бандҳои нақшаи чорабинӣ, бахусус дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот ва натиҷанокии илм, чораҳои ҷиддӣ андешида шавад;
- ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир тақвият дода шавад;
- ҷиҳати таъмин намудани рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар ба сатҳу сифати таҳсилоти касбӣ дар тайёр намудани мутахассисон фаъолияти бештару ҷиддитар ба роҳ монда шавад;
- бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти мутамарказу самаранок дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбута сохторҳои муттаҳиди илмию таълимӣ, комплексҳои донишгоҳӣ ва байнидонишгоҳӣ, марказҳои илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ ташкил ва дар доираи имкониятҳои мавҷуда аз ҳар лиҳоз дастгирӣ карда шаванд;
- талабот нисбат ба рушди инфрасохтори инноватсионӣ – шабакаҳои интиқоли технологияҳо, миёнаравҳои технологӣ, низомҳои экспертиза, сертификатсия, стандартизатсия ва аккредитатсия пурзӯр карда шавад;
- низоми ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи таълим ва таҳқиқот вусъат дода, аз он ба таври самаранок истифода бурда шавад;
- бо мақсади амалӣ гаштани тадқиқоту ихтироъҳои илмиву инноватсионӣ дар заминаи коргоҳу корхонаҳои нави бахши соҳибкорӣ механизми хамкорӣ ба роҳ монда шавад;
- баҳри мусоидат ба таъмини ҷойи кор ба мутахассисон ва кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ҳамкории зич бо институтҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои кордиҳандагон ба роҳ монда шавад;
- ҷиҳати таҳияи санадҳои зерқонунӣ, бунёди зерсохтори зарурӣ ва татбиқи самарабахши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ» чораҳои дахлдор андешида шавад;
- бо мақсади амалӣ гаштани стратегияҳои давлатӣ дар самти саноатикунонии босуръат ва гузариш ба технологияҳои рақамӣ ба раванди тайёр намудани кадрҳои сатҳи баланди илмии касбҳои муҳандисӣ, техникӣ ва технологияҳои рақамӣ тақвият бахшида шавад.
Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори барномаи мазкур дар тарбияи олимони ҷавон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, рушди зеҳнӣ ва ҷалб намудани онҳо ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад;
- ба сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои дарёфти унвонҳои илмӣ диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад;
- бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зимни гузаронидани ташхиси аккредитатсионӣ ба мавзуъҳои тасдиқнамудаи муассисаҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ диққати махсус дода шавад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ҷиҳати амалӣ намудани бандҳои иҷронагардидаи «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор чораандешӣ намояд;
- иҷрои бандҳои қабул ва хатми магистратура, аспирантура, докторантураи фалсафа (PhD)-и докторантура аз рӯйи ихтисос, докторантура ва посдокторантура миқдоран ва сифатан амалӣ карда шаванд;
- барои баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасониҳои илмиву таҳсилӣ мутобиқ намудани онҳо тадбирҳо андешад;
- алоқаи зич ва пайваста байни низоми маориф ва бозори меҳнатро ҷиҳати омода ва пешниҳод намудани мутахассисони дараҷаи мухталиф аз рӯйи талаботи бозори меҳнат мутобиқ ба замон ва зарурату воқеияти ҳаёт ба роҳ монад;
- ҷузъҳои таҳқиқотӣ ва ҳамгироии байналмилалии таҳсилоти касбӣ пурзӯр карда шаванд;
- бо мақсади мустаҳкам намудани илм ва донишу малакаи кадрҳои сатҳи баланди илмӣ усулҳои мусоири омӯзиши «дуалӣ» ҷоннок карда шавад;
- бо мақсади пайгирӣ ва самаранок амалӣ гаштани «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» низоми мониторинг ва баҳодиҳии рафти иҷрои он ба роҳ монда шавад;
- тавсияву пешниҳодоти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта шуда, мавриди амал қарор дода шаванд;
- ҷиҳати таҳияи санадҳои зерқонунӣ, бунёди зерсохтори зарурӣ ва татбиқи самарабахши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ» чораҳои дахлдор андешад;
- баҳри ҷорӣ гардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо алоқаи байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ мусоидат намояд.
Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таъмини амалисозии барномаи мазкур ва ҳавасмандгардонии ҷавонон ба соҳаи илм, махсусан дар мавриди лоиҳаҳои илмӣ, масъалаи маблағгузории алоҳидаи давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида таҷдиди назар карда шавад;
- нақшаи қабул ва хатм бо назардошти талаботи воқеии бозор, эҳтиёҷот ба касбу ҳунар ва илму дониш таҳия карда шавад;
- нақшаи қабули мутахассисон дар асоси талаботи мақомоти дахлдор омода карда шавад;
- ҷудо намудани маблағҳои мақсаднок дар самти тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ, рушди зеҳнӣ ва ҷалб намудани онҳо ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ба инобат гирифта шавад;
- барои ҳамкорӣ намудан бо соҳибкорон, шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ дар асоси қонунҳои бозорӣ мусоидат намоянд;
- баҳри ҷорӣ гардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ мусоидат намоянд;
- ҷиҳати таҳияи санадҳои зерқонунӣ, бунёди зерсохтори зарурӣ ва татбиқи самарабахши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ» чораҳои дахлдор андешанд.