Бисту якуми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Анҷумани XIII Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он вакилон аз кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб иштирок доштанд.
Дар анҷуман се масъала — ҳисоботи раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ҳизб дар солҳои 2020-2024, пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва ташкили ситоди интихоботии ҳизб баррасӣ гардид. Аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғулом Ҳалимзода ва муовини якуми раиси ҳизб Муртазо Аҳмадзода баромад намуданд.
Ҳамин тариқ, вакилони анҷуман номзадии 6 нафар аъзои фаъоли ҳизбро ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»