Пешбарии 5 номзад аз ҷониби ҲДТ

№153 (4893) 23.12.2024

Anchumani-HDT-120-уми декабри соли равон дар шаҳри  Душанбе бо иштироки вакилон аз кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ Анҷумани XIX Ҳизби демократи Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар анҷуман се масъала — фаъолияти Ҳизби демократи Тоҷикистон пас аз Анҷумани XVIII ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон,  муҳтавои  барномаи пешазинтихоботии Ҳизби демократи Тоҷикистон ва пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ баррасӣ  шуд.

Аз рӯйи масъалаи якум раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Шаҳбози Аброр ва аз рӯйи масъалаи дуюм раиси созмони Ҳизби демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фатҳиддин Солеҳов баромад намуданд.

Тибқи масъалаи сеюми рӯзнома 5 аъзои фаъоли ҳизб бо ҷонибдории аксар ­иштирокчиёни анҷуман ҳамчун номзад  ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардиданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»