Баррасии ҳамкориҳо бо Чин

№153 (4893) 23.12.2024

DSC_614120-уми декабри соли 2024 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мавсума Муинӣ бо муовини мудири шуъбаи байналмилалии Кумитаи марказии Ҳизби коммунис­ти Чин Чен Чжоу ва ҳайати ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.

Зимни мулоқот Мавсума Муинӣ таъкид намуд, ки кишварҳои мо муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд ва ин имкони татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомадаро фарохтар месозад.

Дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд, таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хориҷии кишвари мо арзёбӣ гардид.

Мавсума Муинӣ, ҳамчунин, таъкид намуд, ки мо аз раванди мусбати ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва густариши робитаҳо миёни мақомоти қонунгузори ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ мекунем ва ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар идомаи иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда ба ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика ва кишоварзӣ мусоидат намояд.

Дар интиҳо меҳмонон аз толорҳои барҳаво ва зебои бинои нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ