Қарори Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ

№153 (4893) 23.12.2024

Оид ба рафти иҷрои “Барномаи давлатии таёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030”

Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ масъаларо оид ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

1. Гузориши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахт­зода Қобилҷон Хушвахт оид ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ба маълумот гирифта шавад.

2. Гузоришҳои муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Файзалӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба оид ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ба маълумот гирифта шаванд.

3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул карда шаванд (замима мегарданд).

4. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор барои чораҷӯӣ ирсол карда шаванд.

5. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шаванд.

6. Назорати иҷрои қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон гузошта шавад.

Раисикунандаи ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ,

муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавсума Муинӣ

ш. Душанбе, 26 ноябри соли 2024, № 12