Пешгирии никоҳи бармаҳал ва касбомӯзии духтарон баррасӣ шуд

№153 (4893) 23.12.2024

DSC_6085Тибқи моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон синни никоҳӣ аз ҳаждаҳсолгӣ муқаррар шудааст, аммо мувофиқи қисми 2 ҳамин модда дар ҳолати истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда онро на бештар аз як сол кам намояд.

Ин нукта зимни баргузории суҳбати гирди миз, ки бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе доир гардид, зикр шуд. Дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парватӣ Рамасвамӣ, роҳбари ташкилоти СММ оид ба аҳолӣ ва рушд дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иштирок ва мавзуи «Пешгирии никоҳи бармаҳал ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани духтарон — омили рушди босуботи ҷомеаи солим»-ро баррасӣ намуданд.

Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ба илм ва касбомӯзӣ ҷалб намудани занон ва солимии модарон самти афзалиятнок дар сиёсати Ҳукумати кишвар арзёбӣ гардид.

Иштирокчиён афзоиши бемориҳои вобаста ба модару кӯдак, фавти модару кӯдак ва мушкилоти хонаводагиро аз ҷумлаи камомадҳои никоҳи бармаҳал арзёбӣ намуданд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода аз ҷумла гуфт, ки ба таълиму касбомӯзӣ ҷалб намудани духтарон аз масъалаҳое мебошад, ки дар кишвари мо ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Мавсума Муинӣ зимни суханронӣ аз заминаҳои ҳуқуқии фаъолгардонии занон ёдовар шуда, иброз дошт, ки: «Ба ин мақсад то имрӯз аз ҷониби парлумони кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонун, консепсия, барномаҳои давлатӣ, қабул гардидаанд, ки самараи хуб ба бор овард, аммо дар баробари дастовардҳо камбудиҳо низ ҳастанд ва бартараф намудани онҳо ба манфиати кор мебошад. Ташкилу баргузор намудани чорабинии мо низ ба ин хотир аст, ки масъала бори дигар аз ҷониби вакилони кишвар, мақомоти давлатии ваколатдори соҳа баррасӣ шуда, бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шавад».

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ