Абармарде бо корномаҳои беназир

№153 (4893) 23.12.2024

53992884320_983ba5e219_bСию ду сол қабл, дар рӯзҳое, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аланга мегирифт, 16 ноябр дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба кори худ оғоз кард. Масъалаи асосӣ фурӯ нишондани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд. ­Иҷлосияи мазкур дар тақдири миллат марҳалаи нав — умед ба сулҳу салоҳ ва замина ба хомӯш гаштани оташи ҷанг дар Тоҷикистон гардид.

16-уми ноябри соли 1994 Президенти интихобнамудаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд. Ҳамагон шоҳидем, ки маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар марҳалаи мушкилтарини ташаккули давлатдории миллӣ тавонистанд хатари нобудшавии онро аз байн бурда, давлатро аз таҳдиди нестшавӣ раҳо бахшанд.

Бо гузашти 32 сол аз рӯзи баргузории Иҷлосияи таърихӣ бо боварӣ гуфта метавонем, ки бузургтарин дастоварди он Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон буд, зеро дар он вазъи мушкили сиёсию иқтисодӣ, буҳрони ҳокимият, ба дасти ҷинояткорон афтидани силоҳ, дахолати қувваҳои беруна ва набудани амният ба уҳда гирифтани идораи ҷомеа ва ба танзим даровардани тамоми муносибатҳо ба шахсе имкон медод, ки ӯ воқеан ҳам дорои иродаи қавии сиёсӣ ва қудрати фавқулодаи идоракунӣ бошад. Чунин абармард дар таърихи давлатдории навини мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиданд.

Пас аз барқарории сулҳу ваҳдат ва ба манзили худ баргаштани гурезаҳо ба шарофати сиёсати дурандешонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ ноил гардид. Агар дар соли 2014 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 45,6 млрд. сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2015-ум 48,4 млрд., соли 2016-ум 54,4 млрд. ва дар соли 2017 ба 60,0 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт 7 фоизро ташкил дод. Ҳамзамон, тибқи ояндабиниҳо дар охири соли 2024 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (суръати солонаи афзоиш зиёда аз 8 фоиз) ба зиёда аз 140 млрд. сомонӣ расонида мешавад.

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Пешвои миллат борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, таъминоти оби тоза, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои глобалӣ ҷалб кардаанд. Чунончӣ, бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» ва соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кард. Ҳамчунин, тибқи қатъномаи Маҷмаи умумии СММ ҳар сол 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

Бо ҷоизаю мукофотҳои баланди давлатию созмонҳои байналмилалӣ қадр гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург, талош­ҳои созанда ва иқдомҳои пайвас­та дар роҳи рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ, ташаббусҳои глобалӣ, хизматҳои басо арзишманд дар тавсеаи ҳусни ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу суботи ҷаҳонӣ, таҳкими дӯстии байни давлатҳову мардумон ва робитаҳои гуногунсоҳаи башардӯстӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, аз ҷумла Медали «Барои хизмати шоён дар ҳифзи сарҳади давлатӣ»-и Федератсияи Россия (25 августи соли 1994), Ҷоизаи байналмилалии «Сулҳ-99» (15 октябри соли 1999), «Ситораи тиллоии Алберт Швейсер» (15 январи соли 2000), Ҷоизаи байналмилалии ба номи Пётри Кабир (20 марти соли 2002), Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони аср» — Ордени нахус­тини алмосдори «Ситораи сарпараст» (29 марти соли 2005), Ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон — Аҳмадшоҳи Масъуд» (27 апрели соли 2005), Медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни мардумон» (25 июни соли 2005), Медали тиллоии давлати Миср (5 феврали соли 2007), Ситораи ёқути сурхи «Миротворец» (Сулҳовар)-и Иттиҳодияи умумиҷаҳонии хайрияи «Миротворец» ва Хазинаи байниминтақавии ҷамъиятии хайрияи «Созвездие» (Галаситора) (25 июни соли 2007), Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (5 октябри соли 2007), Ордени дараҷаи 1-и княз Ярослави Ҳакими Украина (3 декабри соли 2008), Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи заррини Латвия (11 июли соли 2009), Ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Оид ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола» (23 марти соли 2010), Мукофоти олии давлатӣ — Нишони Покистон (8 марти соли 2011), Ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора» (19 майи соли 2011), Медал ва шаҳодатномаи Шурои Аврупо — «Пешвои асри ХХI» (17 августи соли 2011), Мукофоти олии давлатии Украина — Орден «Барои хизматҳо» дараҷаи 1 (15 ноябри соли 2011), Мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени «Ҳайдар Алиев» (12 июли соли 2012), Ордени Президенти Туркманистон «Битараплик» (Бетарафӣ) (23 августи соли 2012), Мукофоти Давлати Кувайт — Ордени «Муборак Алкабир» (23 июни соли 2013), Мукофоти давлатии Баҳрайн -«Ал-Қилод ал-Халифӣ» (Ордени подшоҳӣ) (28 майи соли 2014), Мукофоти олии Федератсияи Россия — Ордени «Александр Невский» (27 феврали соли 2017), Мукофоти давлатии Қазоқистон — Ордени давлатии «Парасат» (Фаросат) (14 марти соли 2018), Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон — Ордени «Эл Юрт Ҳурматӣ» (17 августи соли 2018), «Нишони фахрӣ»-и сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (6 августи соли 2021), Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) (31 октябри соли 2022), Ордени «АЛТИН ҚИРОН»-и Ҷумҳурии Қазоқистон (4 майи соли 2023), Ордени «Барои хизмат дар назди Ватан»-и Федератсияи Россия (21 ноябри соли 2023), Ордени «Дуслик» (Дӯстӣ)-и Ҷумҳурии Тотористон (22 феврали соли 2024), Ордени «Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин (5 июли соли 2024) ва дигар мукофоту ҷоизаҳо, далели хизматҳои арзишманд ва маҳбубияти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалист.

Дилшод ҒАФУРЗОДА,

прокурори ноҳияи Шаҳринав