Бо ибтикори ҶДММ «Ғолибҷон Холов» дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Зимни суҳбат мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Ҷӯрабек Идибекзода иброз дошт, ки иншооти мазкур бо харҷи 10 миллион сомонӣ дар масоҳати 1,32 гектар бунёд гардида, дар он 12 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Дастгоҳу таҷҳизоти ин иншооти нави саноатӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин харидорӣ шуда, барои истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ хеле қулай мебошанд.
- Бунёди иншооти мазкур дар самти ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамояд, — афзуд Ҷ. Идибекзода.
С. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»