ҲИИТ 12 номзад пешниҳод кард

№154 (4894) 27.12.2024

HIIT-2024-3Бисту панҷуми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Анҷумани XI Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар кори он 180 вакил аз кумитаҳои ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ иштирок доштанд.

Рӯзномаи анҷуман масъалаҳо оид ба фаъолияти Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз соли 2019 то соли 2024 ва вазифаҳои минбаъдаи ташкилотҳои ҳизбӣ барои солҳои 2025-2030, интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, интихоби ҳайати комиссияи марказии тафтишотии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва барномаи пешазинтихоботии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030-ро фаро гирифта, аз рӯи онҳо раиси ҳизб Ғиёсиддин Ашурзода баромад кард.

Ҳамин тариқ, вакилони анҷуман номзадии 12 аъзои фаъоли ҳизбро ба вакилӣ дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»