Рустам Латифзода — раиси нави ҲАТ

№154 (4894) 27.12.2024

photo_2024-12-24_11-59-4024-уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе Анҷумани IX Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он 221 вакил аз кумитаҳои иҷ­роияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб иштирок карданд.

Дар анҷуман фаъолияти ҳизб, иштироки Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, интихоби раис ва ҳайати Кумитаи марказии Ҳизби аграрии Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва барномаи пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Бо ҳамин тартиб, бо ҷонибдории вакилони анҷуман Рустам Латифзода бори дигар раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб шуд.

Ҳамчунин, вакилони анҷуман номзадии 13 аъзои фаъоли ҳизбро ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод намуданд.