Ин омил имкон медиҳад, ки нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе – Чанок, сарфи назар аз фаслҳои сол, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад
Бо фаро расидани фасли сармо тамоми идораву ташкилот ва шаҳрвандон пайи омодагӣ ба он камари ҳиммат мебанданд, зеро айёми қаҳратуни сол мушкилоти зиёдеро ба дунбол дошта, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан ба раванди фаъолият ва зиндагӣ латма ворид хоҳад гашт.
Бо ин мақсад Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти №286 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» ба тасвиб расида буд. Ҳадафи асосии ҳуҷҷати фавқуззикр низ омода намудани тамоми соҳаҳо ва шаҳрвандон ба мавсими зимистон маҳсуб ёфта, раванди иҷроаш зери назорати доимӣ қарор дорад.
Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ ва ҳамаҷониба дидааст. Хотиррасон менамоем, ки дар асоси Шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» аз 19 январи соли 2008 механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок аз 31 марти соли 2010 ҷорӣ гардида буд. Тибқи талаботи шартномаи фавқуззикр нигоҳдории шоҳроҳи мазкур барои давраи муайян ба зиммаи ширкат вогузор шудааст.Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дарозии умумии лоиҳавии шоҳроҳи Душанбе- Чанок 354 километрро ташкил дода, масири он аз се нақб (Майхӯра -897 метр, Истиқлол- 4998 метр, Шаҳристон -5253 метр), 24 галерея, ҳамчунин 38 кӯпрук иборат аст. Ин роҳи мошингард маркази мамлакатро бо шимоли он мепайвандад.
Ҳамватанони азиз хуб дар хотир доранд, ки солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола ба муддати 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста мешуд. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст медоданд. Имрӯз бо шарофати фароҳам омадани шароити муносиб чунин хатарҳо бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯй бархӯрдор мебошанд. Фаъолияти филиали ширкат аз оғози фаъолият инҷониб собит намуд, ки бунёди роҳи автомобилгарди мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, таъмини ҳаракати озоду бехатари нақлиёт дар роҳҳои мошингарди мамлакат, рушди инфрасохтори роҳҳо, мусоидат барои ҷалби маблағгузорӣ аз ҳадафҳои Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон мебошанд. Боиси зикри алоҳида аст, ки механизми институтсионалию инноватсионии лоиҳаи мазкур дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хусусан дар Осиёи Миёна як иқдоми нав ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи мазкур характери пилотӣ дошта, барои дуруст дарк намудани афзалиятҳои он аз тарафи ҷомеа вақти муайянро талаб менамояд. Тавре иттилоъ гирифтем, то ин замон барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон 7423 метри мукааб қум, 790 тонна намак, 285052 литр сӯзишвории дизелӣ ва 202 маҷмӯъ сарулибоси зимистонаи махсус барои кормандон ва ғайра захира шуда, ин омил имкон медиҳад, ки рисолати ширкат, яъне нигоҳдории шоҳроҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад. Таҷрибаи чанд соли охир далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони филиали ширкати фавқуззикр шоҳроҳи мазкур умуман баста набуд. Харидории зиёда аз 129 мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд, далели возеҳи он аст, ки ширкат дар нигоҳдории роҳ хеле фаъол аст. Маҳз мавҷудияти ҳамин гуна техникаҳои пуриқтидор замина фароҳам овард, ки ҳатто рӯзҳои пурбарфтарини фасли зимистон ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ таъмин гардад.Масъулин иброз доштанд, ки ҳанӯз дар соли аввали фаъолияти худ филиали ширкат ба маблағи 3 миллион доллари ИМА чунин техникаҳоро харидорӣ намуда буд. Ҳоло бошад, ин нишондиҳанда марзи даҳҳо миллион доллари ИМА-ро убур намуда, ҳамасола то 30 фоиз афзуда истодааст.
Аз оғози фаъолият инҷониб, аз тарафи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рисолати ба зиммадоштааш вобаста ба нигоҳдории шоҳроҳ тариқи иваз кардани аломатҳои роҳ, бартараф намудани чуқуриҳо, тоза намудани роҳ аз ярч, қум, хок ва сангҳое, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамуданд, истифодаи маводи зиддилағжиш дар фасли зимистон, пур кардани тарқишҳои рӯйпӯши асфалтӣ ва бетонӣ бо битум, дар муҳлати кӯтоҳтарин бартараф намудани резиши қисмҳои кӯҳӣ, васеъ намудани канори роҳ бо автогрейдер, тозакунии қабати поёнии кӯпрук аз хоку шағал, тоза кардани қубурҳо аз хок, шағал ва лой тоза кардани қисми мошингарди роҳи автомобилгард бо роҳи механикӣ аз барфу тарма, чидани кӯҳпораҳо ва сангҳои роҳ, тоза намудани ҷӯйборҳои қади роҳ, бартарафкунии обшустагиҳои канори роҳ, даравидани алафи паҳлуҳои роҳ, буридани шохаҳои хушки дарахтони ҳамшафати роҳ, тоза намудани ҷӯйборҳо аз лой, сангу шағал бо қувваи дастӣ, дар ҷойҳои хавфнок гузоштани деворҳои ҳимоявӣ ва ғайра, ки аз зикрашон худдорӣ менамоем, таври мунтазам, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуда истодааст.
Аз далелу арқоми мазкур бармеояд, ки дар мавсими зимистони имсола низ фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таври муназзам ва пурмаҳсул сурат гирифта, омили мазкур минбаъд низ замина фароҳам меорад, ки аҳолӣ тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯй бархӯрдор гарданд
Далер Мерганов, «Садои мардум»