Литсейи Кӯлоб ҷавононро ба касбомӯзӣ ҷалб менамояд

№ 27.12.2024

касб ислом 261224 (3)Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии сохтмонӣ»-и шаҳри Кӯлоб дар омода кардани кадрҳо нақши арзанда дорад. Ҳамасола ин боргоҳи таълимиро ҷавондухтарону ҷавонписарони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз рӯйи касбҳои ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир хатм менамоянд. 

Зимни боздид маълум гардид, ки барои омода намудани мутахассисони соҳибкасб дар литсей шароити муҳайё шуда, синфхонаҳои фаннӣ ва устохонаҳо бо дастгоҳҳо ва таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин мебошанд.

Иҷрокунандаи вазифаи муовини директор Пӯлод Миров изҳор дошт, ки дар муассиса 560 хонанда, ки ба онҳо 22 устои таълимӣ — истеҳсолӣ ва 39 омӯзгори аз рӯйи 9 ихтисос касбҳои коргарӣ меомӯзонанд, таҳсил доранд.

Зикр шуд, ки шароити таълим хуб ба роҳ монда шуда, барои аз худ намудани ҳунари дӯзандагӣ муассиса дорои 22 мошинаи наву замонавӣ мебошад.

Омӯзгори соҳибтаҷриба, мудири бахши кадрҳои муассиса Ҷумахон Самадов гуфт, ки бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ дар литсей курсҳои кӯтоҳмуддати семоҳа ба роҳ монда шудааст, ки дар онҳо касбҳои дуредгарӣ, таъмири автомобил, ҳисобдор бо донистани компютер, табақтарошӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, ошпазӣ ва дигар касбҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир омӯзонида мешавад. Маълум гардид, ки соли 2024 аз рӯйи ин ихтисосҳо муассисаро 250 нафар хатм намуданд.

Барои ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба касбомӯзӣ дар литсей гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, шаҳрвандони бешуғлро ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб месозанд.

Дар муассиса, инчунин, кабинетҳои фаннии физика, химия, биология, забони рӯсӣ, англисӣ ва синфхонаҳои тахассусӣ фаъолият мекунанд, ки онҳо бо ҳама ҷиҳози хониш таъмин мебошанд.

касб ислом 261224 (2)- Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии хонандагон дар муассиса ҳар ҳафта озмуни «Касби ман ифтихори ман» гузаронида мешавад, — гуфт Ҷумахон Самадов.

Тибқи иттилои дастрасгардида, муассиса бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки Барномаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш пурра таъмир шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шуд. Қобили зикр аст, ки литсей       дорои китобхонаи барҳаво буда, айни замон дар он 9582 китоб мавҷуд мебошад.

касб ислом 261224 (4)Алҳол 160 хонанда аз ноҳияҳои дурдаст дар хобгоҳи литсей истиқомат мекунанд, ки шароити зисти онҳо  хуб аст.

Дар муассиса хонандагон баъд аз хатми синфи 11 як сол ва баъд аз хатми синфи 9 ду сол таҳсил менамоянд. 

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»