Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 -уми январи соли 2025 дар ҷумҳурӣ марҳилаи рамзгузории электронӣ ба воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ оғоз гардид.
Дар ин замина масъулини Хадамоти гумруки Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ баргузор намуданд. Вохӯриҳо дар дидбонгоҳҳои барасмиятдарории молҳои зераксизӣ, дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳри Турсунзода ва «Терминали Дӯстӣ» бо иштироки масъулини шуъбаҳои функсионалии раёсат ва намояндагони ширкатҳои воридкунандаи воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ баргузор гардиданд.
Зимни вохӯриҳо ба иштирокчиён талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оғози марҳилаи рамзгузории электронӣ фаҳмонида шуда, машваратҳо барои ҳамкорӣ бо оператори расмӣ – ҶДММ «Технология Групп» ва бастани шартномаҳо барои гирифтани рамзҳои электронӣ пешниҳод шуданд.
Инчунин, барои ба кормандон омӯзонидани истифодаи низоми рамзгузории электронии мол чанде пеш аз ҷониби масъулини ҶДММ «Технология Групп» ба таври маҷозӣ рӯнамо ва видеомавод пешниҳод гардид.
Ба иштирокчиёне, ки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебаранд, таъкид карда шуд, ки то оғози марҳилаи рамзгузории электронӣ онҳо бояд бо ҶДММ «Технология Групп» барои гирифтани QR-рамзҳо шартнома баста, тамоми талаботи марбутаи қарорро риоя намоянд.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА, «Садои мардум»