Суғд. Пешбарии номзадҳо ба вакилӣ

№ 09.01.2025

Дар Суғд пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки санаи 5 январи соли 2025 дар маҷлисгоҳи МТМУ№5-и шаҳр баргузор гардид, иштирокдорон дар баробари дигар масъалаҳо     пешбарии номзад аз ҲХДТ-ро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13-ро баррасӣ карданд.

Ҳозирин якдилона номзадии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Мавсума Муиниро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 пешбарӣ намуданд.

Дар шаҳри Исфара бошад, интихобкунандагон номзадиии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одилро аз нав ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Исфара №20 пешбарӣ карданд. 

М. МАҚСУДОВ, “Садои мардум”