Соли нав барои мо — мардуми ҷумҳурӣ бо нидои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гашта. Ин нидо Паёми Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда ва ҳама зери таъсири он қарор доштем. Паём аз анҷоми соли 2024 — гузашти боз як соли умр ва хабар аз оғози соли нав — соли 2025, бисту панҷаш зебо, дилнишин, гуворо. 25 чоряки рақами 100, ки баъзеҳо «корҳо сад» ҳам мегӯянд.
Дар Паём сухан аз ҷамъбасту натиҷаҳо дар давоми сол. Натиҷаҳо аъло ҳам буда, камбудию норасоиҳо низ ҷой дошта. Бо вуҷуди ин бояд зикр намуд, ки дар дастовардҳо, шукуфоии Ватан қариб кулли сокинони он низ ҳар кадом ба қадри ҳол ҳиссагузор. Аз ҳамин ҷумла мо — адибон ҳам дар ҳамин қатор. Дар соли рафта аз банда ду қисса, якеаш киноповести «Дилдодагони лаби чашма» ва аз ҳама муҳимаш маҷмуаи ҳикояҳоям «Як дарси аҳду вафо», ки соли 2024 дар нашриёти «ЭР-граф» ба табъ расид ва он дар Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024», ки Вазорати фарҳанг эълон намудааст, дар номинатсияи наср сазовори ҷои аввал гашт.
Ҷамъбасти озмун дар филармония, толори серодам, довталабон зиёд. Ҳама шоиру нависандагон, рӯзноманигорон, ноширон, суруду мусиқӣ, кафкӯбӣ. Дар хотир дорем, ҷамъбасти озмуни «Китоби сол» солҳои пеш хоксорона, дар вазорат мегузашт. Шояд босабаб ҳам буд. Мардум ба китоб кам эътибор медоданд, аксар аз китоб дур, китоб намехонданд, вазъияти ногувор, нохуб. Худи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарам дар ташвиш. Паи ҳам чораҷӯию тадбирҳо. Яке аз ин чораҷӯиҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». Сарпарасти озмун худашон. Озмун идома меёбад. Иштирокчиёни он сол ба сол афзун. Ба замми хонандагони мактабҳо хурдсолон, намояндагони касбу кори гуногун, толибилмон, ҳатто калонсолон, пирон ба он рӯ овардаанд, маблағгузорӣ барои озмун зиёд ва боз зиёдтар. Маблағ барои Шоҳҷоиза аз 70 ба 140 ҳазор сомонӣ. Мардум ба китоб рӯ овардаанд, китоб мегӯянд, китоб мехонанд. Китоб қадр пайдо намуда. Дар Вазорати фарҳанг ҳам китоб чун гаҳвараки чашм азиз, барои тарғибу ташвиқ, нашру дастрас гаштани китоб ҳамеша дар саъю талош.
Дар давраҳои охир фаъолияти Вазорати фарҳанг хубтар шуда, таъриф мешунаванд. Ба ҷиҳате ки рӯзноманигор будам, узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ҳам ҳастам, ҳавасмандӣ, ба фаъолияти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ эътибор додам. Хусусан дар ин рӯзҳое, ки зери таъсири Паёми Ҷаноби Олӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳастем, хостам ба дастовардҳои вазорат аз наздик ошно гардам, барои ин бо муовини вазири фарҳанг, шоири маъруф Давлат Сафар ҳамсуҳбат шудам. Имрӯзҳо дар вазорат аз омӯхтану ошно гаштан ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида вазифаи муҳимтаре набуда. Паёмро аз тариқи радио ва телевизион шунидаанд. Матни он дар шакли чопӣ дастрасашон. Нақшаи алоҳидаи вазорат ба миён меояд, ба иҷрои вазифаҳо аз худи вазири муҳтарам ибтидо, ҳамаи муовинон, сардорони раёсатҳо то кормандони хурд, ҳама ном ба ном масъул. Нақша ба муассисаҳои тобеи вазорат фиристода мешавад. Дар он як нигошта: «Аз Паём то Паём». Вазифаҳо маълум. Дар пеш ҷаласаю ҷамъомад, нишаст, маҷлису семинарҳо, аз иҷрои вазифаҳо ҳисобот. Китобхонаю нашриётҳо алоҳида-алоҳида вазифадор. Дар ҷумҳурӣ 74 китобхонаи марказӣ ва 1290 китобхонаи давлатӣ-оммавӣ. 4 ҳазор китобхонаи мактабӣ, 74 китобхонаи бачагона. Дар ихтиёри вазорат боз нашриётҳои «Адиб», «Ирфон», «Адабиёти бачагона», Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи тоҷик». Аз рӯи талаботи Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ҳам ба хотир оварданд, китоб бояд дастраси хонандагон гардад. Пеш китобҳо чоп мешуданду дар анборҳо хоб. Ин ҳолатҳо барҳам хӯрданд. Китоб ба музофотҳо, ба назди хонандагон бурда мешавад. Аз ҷониби вазорат ва нашриётҳо «Корвони китоб» ташкил карда шудаанд. «Корвони китоб» дар ҳайати адибон, шоиру нависандагон, ҳунарпешагон. Сафар ба шаҳру ноҳия, вилоятҳо, ба ВМКБ. Фурӯшу тақдими китоб, мисли як иде, маъракаи хурсандӣ. Барои мо — адибон низ шароите, ки бо хонандагон, мухлисон вомехӯрем. Барои ин ҳама, барои ташкили Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» миннатдор ҳастем.
Кароматуллоҳи МИРЗО,
Нависандаи халқии Тоҷикистон