Дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 40 иншооти варзиш бунёд шудааст.
Тавре сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода иттилоъ дод, маблағи умумии иншооти бунёдгардида 54 миллиону 729 ҳазор сомониро дар бар мегиранд.
Иншооти бунёдгашта аз 29 майдончаи варзиш, 8 толор, 2 ҳавзи шиноварӣ ва як майдони футбол барои 2 ҳазор ҷойи нишаст иборат мебошад.
Дар баробари ин, варзишгоҳи марказии шаҳри Норак низ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва харҷи 37 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ гаштааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
“Садои мардум”