Соли 2024 донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён ва омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тараннуми Ватан», инчунин, дар олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Ин нуктаро зимни натиҷагирии фаъолияти донишгоҳ дар соли 2024 ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек баён дошт.
Аз ҷумла зикр шуд, ки соли гузашта дар озмуни «Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ», ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи шахсони ҳуқуқии Ҳаракати умумимиллии «Бобек»-и Ҷумҳурии Қазоқистон миёни муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати дарёфти корҳои илмӣ-таҳқиқотии беҳтарин ва дар амалия татбиқ намудани онҳо доир шуд, дотсентони донишгоҳ Н. Комилов ва М. Мирсаидов ғолиб омада, сазовори медал ва дипломи «Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ — 2024» гардиданд.
Инчунин, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯёни донишгоҳ дар номинатсияи «Адабиёти классики тоҷик» соҳиби ҷойи якум ду ҷойи сеюм ва инчунин, барои иштироки фаъолона сазовори ду ифтихорнома гардиданд.
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» бошад, ҷойҳои дуюм ва сеюм насибашон гардид. Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» Суннатулло Назриев -корманди ансамбли «Наво»-и донишгоҳ сазовори ҷойи сеюм шуд.
Соли сипаришуда донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳрию вилоятӣ сазовори 20 медали тилло, 25 — нуқра, 20 – биринҷӣ ва 60 ифтихорнома гардиданд.
Илова бар ин, аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ 12 кори илмӣ-таҳқиқотӣ ба озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» пешниҳод гардида, 5 нафар бо диплом ва мукофотпулӣ қадр гардиданд. Ҳамчунин, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ Абдулвосит Расулзода соҳиби ҷойи сеюм шуд.
Устодон ва кормандони донишгоҳ аз рӯйи 18 равия, 25 масъала ва 28 мавзуъ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, соли 2024 як нафар рисолаи докторӣ ва 18 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»