13-уми январи соли 2025 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаффоф ва ошкоро баргузор намудани интихобот, таъмини шароити баробар барои ҳамаи субъектҳое, ки дар раванди интихобот иштирок мекунанд ва муайян намудани тартиб ва василаҳои гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ қоидаҳои гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзад пешбарӣ намудаанд, баррасӣ ва қабул гардид. Ҳамин тариқ, ташвиқоти пешазинтихоботӣ баъди бақайдгирии номзад оғоз ёфта, як шабонарӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.
Ҳамзамон, тартиби ташкили хазинаи интихоботӣ, истифодабарии он аз ҷониби номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад пешбарӣ намудаанд, баррасӣ ва тасдиқ шуданд.
Ҷиҳати инъикоси ҳамаҷонибаи интихобот, дастрас намудани маълумоти саривақтӣ, саҳеҳ ва ошкоро ба интихобкунандагон қарори дахлдори комиссияи марказӣ оид ба бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Тибқи ин тартиб воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ баъди бақайдгирӣ ҳуқуқи инъикоси раванди интихоботро пайдо мекунанд.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»