Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо ифтитоҳ гардид

№ 15.01.2025

1Дар факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо ифтитоҳ гардид.

-Ин ташаббус дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” роҳандозӣ гардид,- иттилоъ дод зимни маросими ифтитоҳи марказ ректори донишгоҳ А.Усмонзода. 

Олимони соҳавии донишгоҳ  ифтитоҳи маркази мазкурро дар самти омӯзиши илмии пиряхҳо, таҳқиқоти тағйирёбии иқлим, баррасии таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, иқтисодиёт ва ҷомеа, омода намудани мутахассисони соҳа дар самти пиряхшиносӣ ва экологияи иқлим судманд ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Фаъолияти марказ аз рӯйи самтҳои мухталиф ба роҳ монда шуда, дар доираи он гузаронидани тадқиқоти илмӣ оид ба пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, омӯзиши таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва татбиқи онҳо дар Тоҷикистон, ташкили семинарҳо, тренингҳо ва конфронсҳо дар мавзуъҳои марбут ба иқлим ва пиряхҳо роҳандозӣ мешавад.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»