Фестивал-намоиши либосҳои миллии «Ҷилои рангҳо» моҳи феврали соли 2025 бо мақсади иҷрои баниди 9-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, доир мегардад.
Ҳадафи баргузор намудани Фестивал-намоиши «Ҷилои рангҳо» ин ҷалб намудани рассомон, тарроҳону чеварон, ҳунармандон ва масъулини вазорату кумитаҳои дахлдор ба муосиргардонии либоси миллӣ мебошад.
Барои баргузории Фестивал-намоиши либосҳои миллии «Ҷилои рангҳо» вазоратҳои фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, иттифоқи дизайнерон, ҳунармандон, рассомон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
“Садои мардум”