15-уми январи соли 2025 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» созишномаҳои молиявӣ ба имзо расиданд.
Мақсади асосии лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» вусъат бахшидан ба дастрасӣ ва хизматрасонии алоҳидаи рақами давлатӣ ва баланд бардоштани қобилияти рақамии аҳолӣ мебошад.
Маблағи умумии созишномаҳо 39 млн. доллари амрикоиро ташкил намуда, 30 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ аз ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ ва 9 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ аз ҳисоби Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) мебошад.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
“Садои мардум”