Нақши муассир дар пешбурди масоили ҳамгиройии минтақавӣ

№42-43 (3027-3028) 05.04.2013

Баъд аз анҷоми Ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё, ки рӯзҳои 28-29 марти соли ҷорӣ дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, оид ба ҷамъбасти ин ҳамоиши бузург, барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста шуд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни суханронии хеш, аз ҷумла иброз намуд, ки дар ҷаласаи мазкур ҳайатҳои баландмақоми 32 кишвари аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё ширкат варзиданд. Вазифаҳои бисёрсамтаи ҷаласа дар рафти иҷлосияи умумӣ, нишастҳои гуруҳҳои кории он, инчунин дар мулоқотҳои ғайрирасмӣ баррасӣ шуданд. Зимни онҳо ҳамаи хоҳишмандон имкон доштанд, ки аз таҷрибаи мусбат миёни ҳукуматҳо, созмонҳои гуногун оид ба масъалаҳои ҳамгиройии минтақавӣ дар ҷодаи расидан ба рушди устувор, Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва дигар барномаҳои стратегии ҳамсон ибрози андеша ва табодули афкор намоянд.

Соли ҷорӣ раёсати Муколамаи ҳамкории Осиё ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Дар ин робита ҷумҳурии мо муҳтавои консепсияи раёсати худро дар Ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё манзур намуд.

- Чуноне ки аз шиори раёсати мо дар Муколамаи ҳамкории Осиё бармеояд, консепсияи мазкур ба мавзӯи рушди устувор дар минтақаи Осиё бахшида шудааст. Зимни ин таваҷҷуҳи ҳайатҳои кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё ба зарурати ҳалли масъалаҳои аз байн бурдани фақру нодорӣ, ташвиқи шаклҳои устувори истеъмол ва истеҳсол, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ҷалб карда шуд,- иброз дошт Ҳамрохон Зарифӣ ва афзуд: дар ин замина ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, хусусан баҳрабардории бештар аз сарчашмаҳои барқароршавандаи он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Ин назари муштарак дар санади ниҳоии Ҷаласа – Эъломияи Душанбе ба таври мушаххас инъикос ёфт ва якдилона қабул шудани он натиҷаи муҳими Ҳамоиши мо ба шумор меравад. Дар Эъломия инчунин аз давлатҳои аъзо ҷиҳати андешидани чораҳои амалӣ дар қиболи буҳронҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва табиӣ, дастгирии истифода аз сарчашмаҳои таҷдидшавандаи энергетикӣ даъват ба амал оварда шуд.

Қобили тазаккур аст, ки кишварҳои аъзо аз уҳдадориҳои худ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об- барои ҳаёт» (2005-2015) ёдовар шуда, дастгирии хешро аз истифодаи кулли имкониятҳо, иқтидорҳои иловагӣ ва мубодилаи технологияҳо дар ин самт изҳор намуданд. Ҷониби Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти мавзуи об ва зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об пешниҳод намуд, ки дар доираи Муколамаи ҳамкории Осиё самти 21-уми ҳамкорӣ – «Оби тоза барои ҳаёт» эълон гардад.

Кори ҷаласаро беш аз 200 хабарнигор аз воситаҳои ахбори омма, марказҳои иттилоотии ватанию хориҷӣ инъикос карданд. Ин имкон дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ин ҳамоиш сари вақт иттилоъ пайдо намоянд.

-Мо итминон дорем, ки Эъломияи Душанбе ба ҳайси қадами навбатӣ дар пешбурди натиҷаҳои ҷаласаи имрӯзаи мо барои таъмини рушди устувори кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё ва дар маҷмуъ пешбурди масоили ҳамгиройии минтақавӣ дар Осиё нақши муассире гузошта, метавонад барои роҳандозии ҳамкории дарозмуддат ва густариши робитаҳои мутақобилан судманд дар самти мазкур заминаи мусоид фароҳам оварад.

Бо боварӣ метавон изҳор дошт, ки натиҷаҳои ҷаласаи Душанбе ба фаъолияти Муколамаи ҳамкории Осиё хислати амалӣ бахшида, ба татбиқи самараноки барномаҳои мушаххас дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ мусоидат хоҳанд намуд,- гуфт дар поёни суханронӣ Ҳамрохон Зарифӣ.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»