Кмир хабар медиҳад

№9 (4905) 20.01.2025

16-уми январи соли 2025 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.

Марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. Вобаста ба ин дар ҷаласаи КМИР масъалаи мутобиқати пешбарии рӯйхати номзадҳо аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Тартиби пешбарии рӯйхати номзадҳо ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ дониста шуда, бо қарори КМИР рӯйхати номзадҳои пешбаринамудаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати — 13, Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҳайати — 4, Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон дар ҳайати — 6, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар ҳайати — 6 ва Ҳизби халқии демок­ратии Тоҷикис­тон дар ҳайати 28 нафар тасдиқ карда шуд.

Бо мақсади огоҳонӣ ва шиносоӣ пайдо намудани интихобкунандагон бо нафарони мувофиқи рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбаригардида ва дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба қайд гирифташуда бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакл ва ҳаҷми плакати иттилоотии рӯйхати номзадҳо аз ҳизб­ҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботӣ тасдиқ карда шуданд.

Ҳамчунин, бо қарорҳои дахлдори КМИР барои таъмини шароити баробар барои ҳамаи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар ташвиқоти пеш­азинтихоботӣ тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма аз ҷониби онҳо дар ин раванд низ тасдиқ карда шуд.

Ш.СОЛЕҲ,

«Садои мардум»