16-уми январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён, ки бо сафари давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарор доштанд, бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуданд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки самараи дӯстию бародарии сарони ҳар ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг аст, ки имрӯз дар ҳама самтҳо пешравиҳои назаррас дида мешаванд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнипарлумонии дуҷониба ва бисёрҷониба таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Гурӯҳи дӯстӣ ташкил шудааст ва пайваста тавассути он масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ пайгирӣ мегарданд. Аз ҷумла, соли 2011 Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Ин санад барои тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҳар ду давлат дар сатҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон заминаи воқеӣ гузошт.
Зарур шуморида шуд, ки санадҳои байнипарлумонии амалкунанда бозбинӣ гарданд, барои такмили онҳо ва пешниҳоди санадҳои нав, ҳамчунин, ба талаботи замони муосир мувофиқ кардани онҳо тадбирҳои нав андешида шаванд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ