Шомилшавӣ ба СУС такмили қонунгузориро тақозо менамояд

№42-43 (3027-3028) 05.04.2013

29 марти соли равон ҷаласаи васеи Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он сиёсат ва асосҳои ҳуқуқии таъмини бехатарии биологӣ ва такмили қонунгузории ҷорӣ вобаста ба дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни сухани ифтитоҳиаш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Комиссияи муваққатии экологӣ Маҳмадшариф Ҳақдодов зикр кард, ки мақсади асосии Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат ба танзими фаъолияти ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ҷиҳати таъмини амнияти экологӣ, рушди иқтисодиёт ва беҳбудии зиндагии мардум дар асоси такмил додан ва таҳким бахшидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Самти асосии ин фаъолият ташкили омӯзиш ва арзёбии ҷараёни ҳамкориҳо ва иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санадҳои ҳуқуқӣ – байналмилалӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист мебошад, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд.

Яке аз масъалаҳои мубрами экологӣ нигоҳдории гуногунии биологӣ ва таъмини бехатарии биологӣ ба ҳисоб меравад, ки асоси онро қонунгузории байналмилалӣ, яъне Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ва Протоколи Картахенӣ ташкил медиҳад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи бехатарии биологӣ яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият барои нигоҳдории фаъоли гуногунии биологӣ ва захираҳои генетикии ҷумҳурӣ аз таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ, аз ҷумла аз эҳтимолияти ворид гардидани организмҳои зиндаи тағйирёфта ба экосистемаҳои табиӣ кӯшишу талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

Ба андешаи номбурда баррасӣ ва баҳисобгирии масъалаҳои бехатарии биологӣ имконият медиҳад, ки муносибати бисёрҷабҳа барои амалӣ намудани барнома ва ташаббусҳои гуногуни экологӣ истифода бурда шавад. Соли 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ҳамроҳ шуд ва соли 2004 Протоколи Картахенӣ оид ба бехатарии биологиро тасдиқ намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзо намудани шартномаҳои байналмилалӣ ба таври фаъол заминаи қонунгузории миллиро дар соҳаи бехатарии биологӣ таҳким бахшид. Дар ҳамин радиф, ҷалби фаъоли ташкилоту идораҳои экологии ҷумҳурӣ шурӯъ гардида, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва коршиносони мустақил дар ташкили асосҳои ҳуқуқӣ ва таъмини бехатарии муомилот бо маводи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта саҳми худро гузоштанд. Туфайли кӯшиши якҷоя соли 2004 «Ҳуҷҷати қолабии миллӣ оид ба бехатарии биологӣ» таҳия шуд ва соли 2005 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии биологӣ»-ро қабул намуд. Ҳоло Стратегияи миллӣ ва нақшаи амал оид ба бехатарии биологӣ мавриди таҳия қарор дорад, ки барои ташкили асосии механизми танзимкунандаи таъсирбахш ва мустаҳкам гардидани потенсиали маъмурӣ, ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва кадрӣ равона мешавад.

Дар баробари ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо марҳилаи нав дар самти ба танзим даровардани савдои беруна оғоз гардид, ки он барои рушди ояндаи иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Ин иқдоми наҷиб дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор вазифаҳои нав оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузории миллиро ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба миён мегузорад.

Масъалаҳои мавриди баррасиро вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова ва Лутфулло Саидмуродов муфассал шарҳ доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар шароити кунунӣ масоили экологӣ аз лиҳози моҳият хеле густурда ва дар аксар маврид бо масъалаҳои сиёсӣ тавъам шудаанд. Аз ҷониби дигар, дарк бояд намуд, ки ин раванд сарҳад надошта, моҳияти фаромарзиро касб намудааст. Тайи солҳои охир ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи қонунгузории соҳа хеле такмил ёфт. Шомилшавии кишварамон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо зарурати такмили қонунгузории ҷориро ба миён оварда, ҳар чӣ зудтар ба меъёрҳои «иқтисодиёти сабз» мутобиқ намудани ин раванд ба манфиати кор аст.

Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Салимов, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Кабиров, Ш.Шабдолов, А.Фелалиев, О.Сафаров ва коршиносони масоили экологӣ М.Бурҳонова, Н.Сафаров ва дигарон андешаҳояшонро иброз дошта, ҳамзамон пешниҳодоти хешро доир ба такмили қонунгузории ҷорӣ ироа намуданд.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»