Варзишгарони қавиазми ҷумҳурӣ соли 2024 аз бозиҳои гуногуни варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бо дастовардҳо баргаштанд. Ба шарофати пирӯзии онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон борҳо берун аз кишвар барафрохтаю Суруди Миллӣ танинандоз гашт.
Давоми соли 2024 Тоҷикистон, ҳамчунин, мизбони мусобиқаҳои гуногуни сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ буд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ доир шуд, ки дар он беш аз 200 варзишгар аз 63 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод.
Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон моҳи октябр дар шаҳри Душанбе 531 варзишгари то 21-соларо (290 мард, 241 зан) аз 67 давлати ҷаҳон ба ҳам овард.
Барои мо Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024 низ ёдмон аст. Он дар таърихи варзиши тоҷик саҳифаи наверо варақ зад. Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфуз фарзандони диловараш шоиста муаррифӣ карданд. Аз миёни варзишгарони мо Темур Раҳимов (ҷудо), Давлат Болтаев (бокс), Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) зафарманд шуданд. Мардуми тоҷик фарзандони диловарашро сазовор истиқбол намуданд.
Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадоронро, ки бо медалҳои биринҷӣ ба Ватан баргаштанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии намояндагони соҳаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ғолибон бо ордени «Шараф» дараҷаи ІІ сарфароз шуданд. Ба ҷоизадорон, ҳамчунин, калиди хонаҳо тақдим гардид, ки дар ин хусус қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Зимнан, Сомон Маҳмадбеков аз Чемпионати ҷаҳон низ (дар шаҳри Абудабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар риштаи ҷудо то 81 кг) бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт.
Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024-ро аз зумраи даҳ варзишгари беҳтарини соли 2024 эълон намуд.
Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо Эмомалӣ Нуралӣ дар фароварди сол аз мусобиқаи байналмилалии «Russian judo tour» боз ҳам ба хазинаи варзиши кишвар медали тиллоӣ афзуд. Ин медали дуюми зарандуди варзишгари номвари тоҷик дар соли 2024 маҳсуб меёбад. Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam — 2024», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гашт, медали тилло ба даст оварда буд. Исми ӯ низ дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини соли 2024 шомил аст.
Ҳамтоёни онҳо дар ин самт (бар асоси натиҷагирии Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони чор намуди варзиш — бокс, ҷудо, гӯштини озод ва самбо дохил шуданд) инҳоянд:
Абдулмаҷид Кудиев (гӯштини озод) — барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Тиранаи Албания дар вазни то 70 кг, Акмал Убайдов (бокс) — барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайланд дар вазни то 60 кг, Виктор Рассадин (гӯштини озод) — барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни то 74 кг, Парвиз Каримов (бокс) — барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайланд дар вазни то 92 кг, Муҳаммадсолеҳ Қувватов ( ҷудо) — барандаи медали тиллои «Dushanbe Grand Slam — 2024» дар вазни то 60 кг, Сорбон Латифов (самбо) — барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар вазни то 64 кг.
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Шакармамад Мирмамадов (дар вазни +100 кг) аз Чемпионати 13-уми Осиё оид ба гӯштини кураш, ки дар он 200 варзишгар аз 20 давлати қора иштирок дошт, ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Дар чемпионати мазкур Мирзоҷамил Рамазонов (то 73 кг) медали нуқра, Раҳматуллобек Фарҳодов (то 81 кг) Умар Расулов (то 90 кг) ва Фирдавс Насимов ( то 100 кг) медалҳои биринҷиро ба даст оварданд.
Дастоварди варзишгарони навраси кишвар низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Сомон Турсунзода аз мусобиқаи байналмилалии оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон — «Tashkent open judo kids cup ii», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, дар вазни 26 кг бо шикаст додани 6 рақиб аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон мақоми сеюмро соҳиб шуд. Дар ин мусибиқа 800 варзишгар аз 8 давлат иштирок ва байни ҳам рақобат карданд. Ӯ моҳи апрели соли 2024 дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо «Dzyudo Termiz Open — 2024» дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мағлуб намудани рақибон аз Қазоқистон ва Ӯзбекистон сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
Варзишгарони наврас аз Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва мактаббачагон, ки дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, бо дастовез — 4 медали тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ баргаштанд. Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон Анӯшервон Сиддиқов (33 кг) ва Акбарҷон Абдуллоев (58 кг) ба гирифтани медалҳои тилло шарафёб гардиданд. Дилшод Сиҷаев (35 кг) медали биринҷӣ ва Фирӯзҷон Бойматов (37 кг) медали нуқра ба даст оварданд.
Байни наврасон Фариноз Абдуллоева (54 кг) ва Билолҷон Иксанов (54 кг) медалҳои тиллоро соҳиб шуданд. Мино Азамзода (60 кг), Амирбек Маҳрамов (52 кг), Абубакр Азизов (57 кг), Сорбон Нурализода (66 кг) ва Умарҷон Асроров (63 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар маҷмуъ, варзишгарони мо аз мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ 448 медал — 134 тилло, 108 нуқра ва 206 медали биринҷӣ ба даст оварда, соли 2024-умро дар таърихи варзиши ҷумҳуриамон хотирмону рангин гардонданд.
Ф. ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»