Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Модар ҷойгоҳи хос дорад

№12 (4908) 27.01.2025

32918032790_573833f403_o«Мо ҳамеша ба неруи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем».

Эмомалӣ Раҳмон

Масъалаи беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат дар ҳар як вохӯрию баромадҳояшон дар мавриди рисолати воқеии занон дар ҷомеа фикру андешаҳояшонро иброз намуда, таъкид менамоянд, ки занон дар рушди мамлакат нақши аввалиндараҷа доранд, зеро дабистони нахустин барои фарзандон домони поки модар аст.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, баёнгари рушди босуботи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва роҳнамои хирадмандона ба самти музаффариятҳои навин мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон тамоми самтҳои ҷомеаро таҳлил намуда, аз ҷумла оид ба мақоми зан дар ҷомеа таъкидҳои саривақтӣ намуданд: «Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом, аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад».

Воқеан ҳам, бо иқдомҳои неки Президенти кишвар имрӯзҳо мавқеи бонувон зина ба зина боло рафта, дар аксари соҳаҳо таҳким ёфтааст. Дар самти ҳуқуқу озодиҳои занон як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 — 2022» аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки дар баробари дигар асноди муҳим дар даврони соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расиданд ва барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварданд.

«Дар фарҳангу тамаддуни мо — тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Аз ин рӯ,  ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем», — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш.

Бояд гуфт, ки мақому манзалати бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва  рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ боло рафтааст. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ имрӯзҳо бонувони тоҷик мавқеи худро дар ҷомеа соҳиб гаштаанд ва дар баробари мардон дар сохторҳои қудратӣ ва дигар самтҳои фаъолияти давлатӣ хизмат мекунанд. Имрӯз занон соҳибкор, рӯзноманигор, омӯзгор, муҳандис, табиб буда, барои пешрафти  кишвари маҳбубамон нақши муассир доранд.

Дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани Квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир , 11 ҳазору 600 нафар  ҷавондухтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо Квотаи президентӣ хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Илова бар ин , зиёда аз 35 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот гардидаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.

Инчунин, ба занону бонувон барои пешбурди кор ва фаъолияташон дар панҷ соли охир маблағи қарзӣ ба андозаи 12,1 миллиард сомонӣ пешниҳод шудааст. Ин бори дигар собит менамояд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба бонувон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои татбиқи сиёсати давлатии занону духтарон ҷиҳати дастгирии моддию маънавии онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Ҳар як Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувони кишвар низ неруи тоза бахшида, масъулияти онҳоро дучанд мегардонад. Бонувон ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзун ва бемисли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон вазифадоранд, ки бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи инсонӣ тамоми нерую ғайрат ва кӯшишу заҳмати хешро барои ҳифз, нигаҳдошт ва таҳкими дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва таъмини ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон равона намоянду бо тамоми ҳастиашон талош варзанд, то кохи истиқлоли давлати Тоҷикистон дар ҳама давру замонҳо пурҷилою муҳташам ва устувору бегазанд бошад.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»