Чоруми декабри соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Вулус Ҷиргаи (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауфи Иброҳимӣ, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот асосан ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров меҳмони олиқадрро хайра мақдам гуфта, таъсиси давлати ваҳдати миллиро барои мардуми Афғонистон самимона табрик намуд.
Шукурҷон Зуҳуров дар идома иброз намуд, ки Тоҷикистону Афғонистон кишварҳои фарҳангофару фарҳангпарваранд, фарҳанги ғании муштарак доранд ва бузургони зиёди илму адаб, аз ҷумла Мавлавии Балху Мавлонои Ҷомиро пирони маънавии хеш мешуморанд.
-Мо дар муносибатҳои хеш бо ҳамсояҳо, бахусус кишварҳои ҳамтаъриху ҳамфарҳанг, ба густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса дорем ва бар он боварем, ки ин ба таҳкими асолати миллӣ ва қаробату муҳаббати самимии мардумонамон мусоидат менамояд, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров
Раиси парламенти касбии мамлакат ҳамчунин таъкид намуд, ки мо дар ҳамдастӣ бо Афғонистон, Эрон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни бузурги бостониамонро эҳё кардем ва инак, Наврӯз бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мешавад. Ҳамроҳ ҷашн гирифтани Наврӯз дар Душанбе, Теҳрон ва Кобул на танҳо ба қаробати бештари кишварҳоямон боис гардид, балки фарҳанги бостониамонро умри дубора бахшидаву ба хидмати ниёзҳои имрӯзи халқҳоямон сафарбар кард.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин дар бобати амалӣ намудани татбиқи Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ дар сохтмони роҳи оҳан байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркманистон, интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон бар асоси тарҳи CASA-1000 ибрози назар намуд.
Раиси Вулус Ҷиргаи (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауфи Иброҳимӣ низ хостори густариши муносиботи парлумони кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд ва таъкид дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои фаъолияти на чандон зиёди худ дар минтақа ҳамчун парлумони муваффақ ном баровардааст ва истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумони Тоҷикистон барои такмили фазои қонунгузорӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард.
Абдуррауфи Иброҳимӣ аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои гуногунсоҳа, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу коммуникатсия, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наздисарҳадӣ изҳори назар карда шуд.
Дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Раиси Вулус Ҷиргаи (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауфи Иброҳимӣ ба зери протоколи ҳусни ният имзо гузоштанд.
Дар мулоқот муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон Мирганд Шаҳбозов ва Назира Ғафорова, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вулус Ҷиргаи (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок доштанд.
Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суратгир А. ИСОЕВ.